Додситони кулли Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостааст, ки "шахсони ҷиноятпеша"-ро дар чорабиниҳои ин созмон роҳ надиҳад. Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин афрод ё гурӯҳҳо ба таври мушаххас ном бурда нашудааст. Аммо дар гузашта Душанбе аз иштироки намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар чорабиниҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, норозигӣ карда буд.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ин мавзуъро рӯзи 2-юми август дар мулоқот бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои САҲА - ҳамзамон муовини раҳбари Котиботи САҲА Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии САҲА Купчина Елена Николаевна, матраҳ кардааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар сафари аврупоии худ ҳамчунин масъалаи истирдоди "ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва хавфи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо"-ро дар миён гузоштааст.
Ҳануз маълум нест, ки посухи САҲА ба ин дархости ҷониби Тоҷикистон чӣ ҳаст. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки дар оянда сафари корӣ ва тахассусии раҳбарияти САҲА ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Додситони кулли Тоҷикистон дар ин сафари аврупоии худ аз Олмон, Лаҳистон ва Австрия ҳам дидан намуд ва бо мақомоти додситонии ин кишварҳо гуфтугӯ кард.
Дар нишасти САҲА аз даҳҳо кишвари узви созмон намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок ва мавзуъҳои ҳуқуқи башару озодиҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд. Нишастҳои байналмилалӣ бо ширкати намояндагони давлат ва мухолифонашон, ки дар Аврупо паногоҳи сиёсӣ ёфтаанд, аксаран зимни моҷароҳо расонаӣ мешаванд.
Панҷ соле пеш ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифин толори нишасти САҲА дар Варшаваро тарк кард. Пас аз он хабаргузории давлатии “Ховар” ҳушдор дод, ки дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад ва намояндагони давлат бо мухолифон сари як миз намешинанд.
Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.
Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.