Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистонро дар Русия иваз карданд


Имомуддин Сатторӣ ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода
Имомуддин Сатторӣ ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Арманистон буд, рӯзи дувуми август аз мақом озод карда шуд. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ сабаби тасмимро нагуфтаанд.

Сатторӣ баҳори соли 2014 ба ин мансаб таъин шуда буд. Аз он пештар сафири Тоҷикистон дар Олмон буд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро намояндаи Тоҷикистон дар Русия таъин карданд. Гулмаҳмадзода то кунун дар мансаби муовини нахуствазир кор мекард. Пештар раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва аз он қабл раиси вилояти Хатлон буд. 60-сола аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав яке аз намояндагиҳои расмии кишвар дар хориҷа дониста мешавад. Ба ҳисобҳои гуногун дар Русия аз ним то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳои фиристодаи онҳо бахши муҳими иқтисоди хонаводаҳост.

Номи сафорат ҳам пайваста дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи муҳоҷирон, боздошту раҳоии онҳо, кумак ба дармондагон, дарёфти санадҳои расмӣ ва солҳои охир вобаста ба парвози ҳавопаймоҳову билети сафар бештар расонаӣ мешавад.

Баъзе аз муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо ҳамвора аз тарзи кори сафорат ва бархурдаш бо мушкили муҳоҷирон танқид мекунанд. Аммо дар намояндагии расмӣ ҳамеша гуфтаанд, ки дар фикри муҳоҷирон ҳастанд ва ҳеч дархости онҳоро бепосух нагузоштаанд.

Рӯзи 2-юми август дар чанд намояндагии дигари Тоҷикистон дар хориҷа тағйирот сурат гирифтааст. Бино бар он, Файзулло Холбобоевро аз мансаби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Молдова барканор карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон масъулияти намояндаи расмии кишвар дар Молдоваро бар уҳда дорад.

Хусрав Нозирӣ, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, акнун дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таъин шуд.

XS
SM
MD
LG