ИМА ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи 29 июл аз ояндаи демократияи Гурҷистон изҳори нигаронӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки созиши сиёсии қаблан ҳосилшудаи миёни мухолифону ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" бекор шуд ва демократияи Гурҷистонро дучори як бӯҳрони амиқтар кард. Иракли Кобахидзе, раҳбари ҳизби “Орзуи Гурҷистон” рӯзи 28-уми июл созиши бо мухолифон ва миёнҷигии ИА ҳосилшудаи се моҳ пешро бекор кард ва мухолифонро дар ноком шудани он айбдор намуд. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо дар як музокироте тавонист гурӯҳҳои мухолифин ва ҳам ҳизби “Орзуи Гурҷистон” -ро ба ҳам оварад ва онҳоро водор кунад, ки ба парлумон ворид шуда аз паи татбиқи ислоҳоти интихоботӣ шаванд. Сафорати ИМА дар Тифлис бо нашри изҳороте гуфт, ки “ИМА аз қарори якҷонибаи ҳизби “Орзуи Гурҷистон” барои хориҷ шудан аз созиши 19-уми апрел, ки дар натиҷаи музокираҳои муштарак ва хеле душвори шашмоҳа ба даст омад ва ҳам як санади зарурии изтирорӣ барои идомаи пешрафти мардуми Гурҷистон ва демократияи он шумурда мешавад, амиқан ноумед шудааст”. Сафорат навиштааст, ки “Вашингтон аз нокомиҳои афзоянда дар ояндаи демократияи Гурҷистон то рафт нигарон мешавад”.
Дар изҳороте, ки Мишел рӯзи 29 июл дар Брюссел нашр кард, созишномаро роҳи беҳтарини бунёди демократияи қавитар ва ҳукумати қонун дар Гурҷистон номидааст. Мишел гуфт, ки бо чандин бозигарони сиёсии Гурҷистон ва ҳам президент Саломе Зурабишвили машваратҳо доир мекунад.