Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, тасарруфи чанд минтақаи наздимарзӣ аз сӯи гуруҳи Толибон ба интиқоли барқ ба Афғонистон ягон таъсир нарасондааст.
Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, сарфи назар аз вазъи сиёсӣ содироти барқ ба Афғонистон идома дорад.
Муовини аввали раиси “Барқи тоҷик” афзуд, дар моҳҳои июн ҳолатҳои корношоям шудани симчӯбҳо сабт шудааст, аммо дар моҳи июл ин ҳолатҳо камтар буд. Аммо ин масъули “Барқи тоҷик” нагуфт, ки чӣ қадар симчӯбҳои интиқоли барқ хароб шудаанд.
Дар соли 2016 дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Дар пайи он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.
Маҳмадумар Асозода афзуд, дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 457,9 миллион киловат соат барқ содирот шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” барқро асосан ба ширкати “Брешно”-и Афғонистон мефурӯшад. Нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент будааст.
Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.
Дар ду моҳи охир бахши калони минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба тасарруфи гуруҳи Толибон даромад ва нигарониҳо дар бораи таъмини амният зиёд шуд.