Амволи ширкати як замон машҳури "Умед 88"-ро, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, дар вилояти Суғд ба ихтиёри давлат месупоранд, чун ба иддаои мақомот, "харидор наёфтанд". Масъулияти фурӯши амволи ширкатро намояндагии Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд ба уҳда дошт.
Ширкати "Умед 88" пас аз як танқиди раиси ҷумҳурӣ дар соли 2017 дучори мушкил шуд ва аз бозори фурӯши маводи нафтӣ берун гардид. Раҳбари пешинаи он Раҷабалӣ Одинаевро ба зиндон маҳкум карданд ва ӯ баҳори имсол дар бемористон ҷон дод. Мақомот қазияи "Умед 88"-ро бештар иқтисодӣ ва ба хатои раҳбари пешинааш медонанд, вале афроди наздик ба ширкат натиҷаи рақобати носолим мепиндоранд.
"Ҳангоми эълони музояда (ауксион) ягон харидор пайдо нашуд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст. Рӯзҳои наздик ба манфиати давлат гузаронида мешавад", -- гуфт Алиҷон Амонзода, сардори намояндагии Хадамоти иҷро дар Суғд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Фурӯши амволи ширкати "Умед 88"-ро моҳи декабри соли 2018 ба роҳ монда буданд. Нархи умумии онҳо зиёда аз 30 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллари амрикоӣ, ҳисоб шудааст.
Дар ин муддат бо фурӯши ду нуқтаи сӯзишворӣ тавонистаанд, 5 милион сомониро ба буҷаи кишвар ворид кунанд. Ҳоло дороиҳои боқимондаи ширкат дар шимоли кишвар, ки ҳамакнун бояд давлатӣ гарданд, беш аз 25 миллион сомонӣ баровард шудааст.
Раҷабалӣ Одинаев, раиси собиқи ширкати "Умед 88", шахсе, ки аз тиҷорати хиёбонӣ то ба раҳбарии ширкати бузурги фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон расида, вале баъдан ба 28 сол зиндон маҳкум шуда буд, ҳафтуми апрели имсол дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" даргузашт. Ӯ 61 сол дошт.
Парвандаи Одинаев соли 2017, замоне оғоз шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар як ҷаласа аз ӯ барои барнагардонидани 170 миллион сомонӣ қарзи давлат сахт танқид кард.
Як сол пеш раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфта буд, барои ҷуброни зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Ба қавли ӯ, "беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ монда ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ тамоми чораҳо дида мешавад."
Ширкати "Умед-88" аз соли 2006 дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба иттилои масъулонаш беш аз 2 миллиард сомонӣ ба буҷаи давлат молиёт ё андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолият беш аз 500 коргар дошт.
Дар бораи шахсияту фаъолият ва парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, раиси пешини “Умед 88” назарҳо яксон набуд. Мақомот Одинаевро шахсе медонистанд, ки "молу мулки давлат"-ро "тасарруф кардааст", наздиконаш қурбонии "рақобатҳои носолими тиҷоратӣ" мегуфтанд.