Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, "дар як рӯз дар Тоҷикистон 78 кас бемор шуданд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 24-уми июл 78 мавриди сирояти коронавирусро сабт кард, аммо дар бораи фавтидагон чизе нагуфт. Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз марги наздикони худ бар асари бемории ҳамагир гузориш доданд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазору 500 кас бемор шуда, 116 нафар ҷон бохтаанд. Масъулони Вазорати тандурустӣ иддао доранд, ки то кунун тақрибан 97 дарсади беморон шифо ёфтанд.

Баъзе аз сокинону мутахассисон ба дурустии омор шубҳа доранд, ҳарчанд мақомот онро дақиқу санҷидашуда медонанд.

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG