Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар мавзеи Қуммазори Исфара дар марз бо Қирғизистон


Сокинони мавзеи Қуммазори ҷамоати Чоркуҳи Исфара аз тирандозии марзбонони қирғиз ва оташкушоии ҷавобии сарҳадбонони тоҷик хабар доданд. Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми июл замоне рух додааст, ки сокинон барои поккории мавзеҳои истироҳатӣ рафтаанд. Дар ҳукумати ноҳияи Исфара ба Радиои Озодӣ рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, айни замон раиси шаҳр ва ҳамроҳонаш барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин муноқиша ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Як сокини Исфара, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тирпароние, ки дар мавзеъи Қуммазор рух дод, ҳоло қатъ шудааст.

Ин сокин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, "вақте сокинони Чоркуҳ ба мавзеи Қуммазор барои тозаву ба тартиб овардани ҷойҳои истироҳатӣ рафтанд, қирғизҳо монеъ шуданд. Ба сӯйи сокинон низомиёни қирғиз тир холӣ карданд ва марзбонони тоҷик ҳам ҷавоб доданд. Тирандозӣ беш аз 10дақиқа давом кард."

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи моҳҳои охир шоҳиди даргириҳои хунин шуд. Дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG