Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷик гум шуд, пулиси Санкт-Петербург барои ҷустуҷӯи ӯ талош надорад


Ҳасан Саидови 27-сола, ҷавони тоҷик, ки ду ҳафта боз дар Сантк-Петербург бедарак аст
Ҳасан Саидови 27-сола, ҷавони тоҷик, ки ду ҳафта боз дар Сантк-Петербург бедарак аст

Пайвандони як ҷавони тоҷик дар Русия мегӯянд, фарзандашон ду ҳафта боз бедарак аст, вале пулис барои пайдо кардани ӯ талоше намекунанд.

Аммо мақомот гуфтанд, кофтукоби Ҳасан Саидови 27-сола оғоз шудааст. Бедарак шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия бори аввал нест ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия мехоҳанд, дар ин гуна ҳолат танҳо ба фиристодани мактуб қаноат накунад.

Ҳасан Саидов, ҳамроҳ бо волидайнаш дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи хешовандон, ӯ баъд аз зуҳри 10-уми июл ҳамроҳ бо ду дӯсти русаш барои истироҳат ба кӯли Шапки меравад, ки аз хонаашон 45 километр дуртар аст. Як рӯз баъд дӯстонаш либосҳои ӯро оварда мегӯянд, Ҳасан нимашаб гум шудааст.

Лутфулло Табарзода, писархолаи Ҳасан Саидов рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта аст, ки ҷустуҷӯ доранд, вале аз Ҳасан нишоне наёфтанд. Маълум нест, ки шаби 10 ба 11-уми июл бо Ҳасан чӣ воқеа рух додааст.

Писархолаи ҷавони гумшуда гуфт, ба ҳама мақомотҳои тафтишотии Русия ва ҳам консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат карданд, вале тафтишот ба сустӣ пеш меравад. “Рӯйхати зангҳои телефонии Ҳасан ва он бачаҳора худам пайдо кардам. Ҳол онки милисаҳо бояд ин корро кунанд. Даруни ҷангал ва ҳама ҷойи ҳамон маҳалларо худамон кофтукоб кардем. Пул дода ду маротиба ғаввос (водолаз) овардем. Вақте идораи милиса меравем, мегӯянд, чора дида истодаем. Имрӯзу пагоҳ гуфта гаштанд”,-афзуд Лутфулло Табарзода.

Талошҳои мо барои суҳбат бо мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург бенатиҷа буд. Светлана Лобанова, сардори бахши кофтукоби шаҳраки Тосно, ки қазияро таҳқиқ доранд, пас аз шунидани суоли Радиои Озодӣ дар рабита ба ин қазия гӯширо гузошт. Як корманди дигари пулиси шаҳраки Тосно танҳо гуфт, вобаста ба гум шудани Ҳасан Саидов парванда боз шуда, кофтукоб давом дорад. Номи Ҳасан Саидов дар сомонаи шахсони гумшудаи шаҳри Санкт-Петербург бо номи "ЛизаАлерт" ҳам ҷой дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар намояндагони Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳам гуфтанд, қазияи мазкурро пайгирӣ доранд. Рӯзи 23-юми июл дар Консулгарии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба раёсати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва намояндагии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Ленингард мактуб фиристодаанд. “Ба намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам нота фиристодем”,-гуфтанд дар консулгарӣ.

Вале наздикони ин ҷавони тоҷик мегӯянд, аз раванди тафтишот норозианд. Чун мақомоти Русия, то ҳол ду рафиқи Ҳасан Саидовро ба пурсиш даъват накардаанд ва ҳарфҳои онҳо ҳам чанд бор аст, ки иваз мешавад. Мақомоти тафтишотии вилояти Санкт-Петербург дар ин бори шарҳ надодаанд ва талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо ду рафиқи Ҳасан Саидов бенатиҷа буд. Ин ду нафар ба гуфтаи наздикони Саидов, дӯстони мактабии ӯ будаанд.

Ҳасан Саидов, ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки дар Русия нопадид мешавад. Солҳои пеш низ ҳодисаҳои зиёди нопадидшавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия расонаӣ шудааст. Наздикони бархе аз ин шаҳрвандон гуфтанд, фарзандони онҳо баъди дастгир шудан аз сӯи пулис нопадид шудаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, бедаракшавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия зиёд аст ва мақомоти он кишвар ҳам барои пайдо кардани онҳо зиёд талош намекунанд. Барои намуна Ёров, аз нопадид шудани ду бародар гуфт, ки чаҳор сол аст пайдо нашудаанд.

Аз ҷониби дигар Ёров аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ҳам интиқод кард, ки танҳо бо фиристодани мактуб қаноат карда, қазияи нопадидшавии муҳоҷиронро то охир назорат намебаранд. "Намояндагиҳои Тоҷикистон барои пайдо кардани муҳоҷирони бедаракшуда, бояд ҳамкориро бо диаспораҳо ва лидерони ғайрирасмӣ зиёдтар кунанд. Вақте муҳоҷир гум шуд, акси ӯро ба намояндагиҳои диаспора фиристанд ва тариқи онҳо ҷустуҷӯ кунанд. Ин як чизи оддӣ аст, таҷрибаҳо нишон дод, ки чандин одамони гумшударо тариқи фаъолон пайдо карданд,”-афзуд Каримҷон Ёров.

Маълумоти дақиқе нест, ки чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нопадид шудаанд. Ҳар созмони ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон барои худ омори алоҳида дорад. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион муҳоҷирон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Аз як сӯ маблағи муҳоҷирони корӣ барои оилаҳои онҳо ва иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Вале аз сӯи дигар, ҳамин бедаракшавӣ ва баъзан ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳосили ҳамин муҳоҷират аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG