Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ "Тоҷик эйр"-ро ба пардохти 20 миллион доллар муваззаф кард


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг"-ро зидди ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эътироф кард.

Бахтиёр Наимзода, додраси Додгоҳи олиии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл гуфт, "бо таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ҳалномаи суди хориҷӣ эътироф гардида, барои иҷроиш дода шудааст. Бино бар сабаби баъзе мушкилот иҷроиши ҳалномаи суди хориҷӣ то миёнаҳои моҳи августи соли 2021 ба таъхир гузошта шудааст."

Радиои Озодӣ бо масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" тамос гирифт, аммо онҳо дар ин бобат вокунише накарданд. Қаблан намояндагони ин ширкат гуфта буданд, ки қарори додгоҳро дар мавриди пардохти 20 миллион доллар қабул надоранд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳам рӯзи 12-уми апрели соли 2019 даъвои "Скайроуд Лизинг"-ро рад карда буд, аммо Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хостори бознигарии ин ҳалнома шуд.

Роҷеъ ба сабаби чунин мавзеъгирии Додгоҳи олии иқтисодӣ як корманди он, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъзе ҳолатҳои татбиқи нодурусти меъёрҳои мурофиавӣ буд, парванда дубора аз Суди иқтисодӣ фиристода шуд ва дар баррасии дубора онро эътироф гашт." Ба ин тартиб ҳарду зинаи додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон аз даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" пуштибонӣ намуданд.

Баҳси ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" бо ширкати "Тоҷик Эйр" аз соли 2013 бар сари 20 миллион доллар идома дорад. Қаблан Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин маблағ муваззаф карда буд.

Дар гузашта, масъулини ширкати "Тоҷик Эйр" гуфта буданд, ки Зафар Ҳафизов, собиқ сардори шуъбаи ҳуқуқи Вазорати нақлиёт беш аз 180 ҳазор сомонӣ пули ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро аз худ карда, боис шудааст, ин ширкат дар як мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯрад. Ба қавли масъулини "Тоҷик Эйр" Ҳафизов муваззаф будааст аз манфиати ин ширкат дар баҳс бо ширкати “Скайроуд Лизинг” ҳимоя кунад, аммо дар мурофиаҳо ширкат накардааст. Тибқи муқаррарот барои иҷрои қарорҳои додгоҳи арбитражии хориҷӣ бояд, додгоҳҳои Тоҷикистон онро эътироф кунад. Ҳоло "Тоҷик Эйр" гирифтори буҳрони молӣ аст ва мустақилона имкони пардохти қарзи ин ширкати хориҷиро надорад.

Паулиус Дока, намояндаи ширкати "Скайроуд лизинг", мегӯяд, дар сурати пардохт нашудани қарз аз ҷониби "Тоҷик Эйр" давлати Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. "Дар соли 2013 мо ба додгоҳи ҳакамӣ муроҷиат кардем. Қарор дар соли 2014 қабул шудааст, ки ин ба ҳама маълум аст, чун додгоҳи ҳаками марҳилаҳои зиёде дорад. Марҳилаи ниҳоӣ ин ба ҷавобгарӣ кашидани давлати хориҷӣ мебошад",- гуфт, Паулиус Дока.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он қатъ шудааст.

ИНЧУНИН, ЮИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG