Як корхонаи тавлиди намак дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба даҳҳо зан ҷойи кор фароҳам кардааст. Имконияти корёбӣ дар ин ноҳия маҳдуд аст, хусусан барои занон. Ягона интихоб барои занон кори кишоварзӣ мебошад, ки он ҳам мавсимӣ ва ҳам машақаташ зиёду муздаш кам аст. Коргоҳи тавлиди намак бо номи “Намакдон” дар ин ноҳия барои занон аз ангуштшумор ҷойест, ки занон метавонанд кор ва даромад гиранд.
Зарина Мирзоева, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ се сол боз ҳамроҳи духтараш дар корхонаи “Намакдон” кор мекунад. Пеш аз ин ба кори кишоварзӣ машғул буд. "Пеш дар колхоз кор мекардем, пахта мечидем. Баъд инҷо, ташкил шуд, гуфтам аз кори калхозда инҷо хуб аст, инҷо кор кардем”,- гуфт Мирзоева.
Гузориши видеоиро инҷо бубинед:
Зарина, духтарашро моҳе пеш ба шавҳар додааст. Духтари Зарина дар инҷо ҳамроҳи модар кор карда, харҷи тӯйяшро худаш ҷамъ кардааст. Худи Мирзоева аз шавҳараш чанд сол пеш ҷудо шуд ва ҳоло дар хонаи модар зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, аз оне, ки ҷойи кор дораду даромад, қонеъ аст, чун дастнигари дигар аъзои хонаводаашон нест. “Дар хонаи падару модарам. Кор мекунам, мебарам мехарам ва ҳамроҳашон меистам. Назди янгаву ҳамсояҳо гарданкаҷу дастнигар намешавам”,-иброз дошт ӯ.
Ҳоло дар корхонаи “Намакдон”-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба мисли Зарина Мирзоева 20 зан кор мекунад. Моҳе аз 600 то 1000 сомонӣ маош мегиранд.
Рустам Ҳакимов, роҳбари корхона мегӯяд, талош дорад, корхонаро васеъ ва сафи занҳои коргарро зиёд кунад. Ӯ мегӯяд, дар корхона занҳое кор мекунанд, ки дар деҳот замин надоранд ва ё аз шавҳарҳояшон ҷудо шудаанд.
Корхонаи “Намакдон”-и ноҳияи Ҳамадонӣ се соли пеш таъсис ёфтааст. Соли 2020 363 тонна намак ба Афғонистон содир кардааст. Аммо бо шурӯъи пандемия ҳаҷми содирот ба хориҷ ду баробар кам шудааст. Кӯҳи намаки “Хӯҷа Мӯъмин” дар Ҳамадонӣ аз бузургтарин кӯҳҳои табиӣ бо захираи бузурги намак дар дунё гуфта мешавад. Захираи намаки ин кӯҳ 60 миллиард тонна ҳисоб шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: