Зиндониҳоеро, ки то ин дам дар маҳбаси рақами аввал дар маркази Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд, ба зиндони наве дар шаҳри Ваҳдат мекӯчонанд. Мақомот мегӯянд, зиндони навро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сохтаанд, аммо хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқи онро надидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар дохилу беруни Тоҷикистон солҳост, ки низоми зиндондории кишварро барои шароити тоқатфарсои нигаҳдории маҳбусон, тангии ҳуҷраҳо ва шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба зиндониён танқид мекунанд.
Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, кӯчондани зиндониён 14-уми июл оғоз шуд. Хешу табори баъзе аз маҳкумшудаҳо низ гуфтанд, аз онҳо хоста шудааст, то замони ҷо ба ҷо шудани зиндониён ашёи онҳоро ба хона бибаранд.
"Мо наздикони маҳбусонро огоҳ кардем, ки омада, зарфу ашёи онҳоро ба хонаашон баранд. Ҳар вақте пурра ҷо ба ҷо шуданд, ба зиндони нав меоранд. Барои ин нозирони раёсатро сафарбар кардем”, -- гуфт намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия.
Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузугмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ, гуфт, субҳи 14-уми июл барои гирифтани чизу чораи ӯ ба зиндони рақами аввал рафта буд. Вай мегӯяд, дар онҷо хешовандони маҳбусон ҷамъ омада буданд ва яхдону дег ва зарфу ашёи дигари онҳоро ба хонаашон мебурданд.
Рӯзи 15-уми июл гурӯҳе аз сокинон барои гирифтани либос ва баъзе ашёи дигари пайвандони маҳбусашон назди маҳбаси рақами №1–и шаҳри Душанбе омада буданд. Онҳо гуфтанд, хабари интиқоли зиндониёнро ба маҳбаси нави шаҳри Ваҳдат аз забони наздиконашон шунидаанд.
Раҳима Салимова, сокини ноҳияи Вахш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш аз маҳбас бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст ", моро дигар ҷо мекӯчонанд. Барои ҳамин омадам, аз худи ноҳияи Вахш." Баъзе хонаводаҳо умед доранд, ки бо иваз намудани макони нигаҳдории маҳбусон дар ҷойи нав, шароиташон беҳтар хоҳад шуд.
Исматов Муҳсиддин, сокини пойтахт афзуд, ки "маҳбаси навро шароиташ беҳтар аст, ман рафтам дидам, як- ду шиносам ҳам он ҷо кор мекунанд, гуфтанд, ки назар ба ин ҷо, шароити он ҷо беҳтар аст." Барои баъзе аз наздикони маҳкумшудаҳо кӯчонидани маҳбас ва ё интиқоли маҳбусон ба ҷои дигар, чандон аҳмият надорад. Саид Исломиддинов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз зумраи онҳоест, ки мегӯяд, "фарқе надорад. Маҳбас-маҳбас аст. Куҷое бошад, набошад, маҳбас аст".
Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе – Ваҳдат, дар 15 километрии маркази пойтахт ҷойгир аст. Рӯзи 15-уми июл дар маҳбаси нави шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки ин бино барои қабули маҳбусони рақами 1-и шаҳри Душанбе пурра омодааст, аммо амалан то ҳол касеро ба ин ҷо наовардаанд. Дар маҳбаси рақами 1 – и Душанбе аз шарҳи мавзу худдорӣ намуда, танҳо хабар доданд, ки молу ашёи маҳбусон, ки ба хонаводаҳояшон дода шуд, баъд аз ҷойгир шудан дар ҷойи нав, дигарбора ба онҳо дастрас мешавад.
Дар робита ба бунёд ва шароити маҳбаси нав дар шаҳри Ваҳдат, Музаффар Ашуриён вазири адлияи Тоҷикистон ду рӯз қабл зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд.
"Муассисаи ислоҳии 3/1, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат сохта омода шудааст ва имрӯзҳо омодагӣ барои кӯчонидани маҳбусҳо рафта истодааст. Дар дигар муассисаҳои ислоҳӣ ҳам корҳои таъмир кардан ва шароити маҳбусҳоро беҳтар кардан идома дорад",-афзуд, Музаффар Ашуриён.
Сохтмони зиндони нав барои маҳкумшудаҳо аз рӯи моддаи “терроризм” дар шаҳри Ваҳдат чанд сол пеш сар шуд ва ба қавли мақомот, ин муассиса бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст. Як вижагиаш ин аст, ки дар як ҳуҷра шумори камтари маҳбусон нигоҳдорӣ хоҳанд шуд. Андозаи тирезаҳои утоқҳо ҳам назар ба маҳбасҳои қаблӣ бузургтар сохат шудааст.
Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо зиндониёни маҳбас ба шаҳри Ваҳдат бурда мешаванд, вале дар бораи онҳое, ки дар боздоштгоҳи мувақатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ мешаванд, чизе маълум нест.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, моҳи январи имсол ба расонаҳо гуфта буд, ки СИЗО дар ҷои пешинаи худ мемонад. “Дар зиндони нав феълан барои ҳамаи зиндониҳои маҳбаси рақами 1 ҷой нест. Феълан маълум нест, ки СИЗО ҳам аз пойтахт кӯчонида мешавад ё на”, -- гуфта буд ӯ.
Дар ду соли охир зиндонҳои Тоҷикистон шоҳиди чанд ошӯби хунин шуданд, ки камбудҳои ин маҳбасҳоро бармало кард.
Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.
Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. То замони қабули Қонуни авф дар охири соли 2019 дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигоҳ медоштанд. Бар асоси қонуни мазкур бештар аз 7 ҳазор нафари онҳо озод шуданд.