Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбӣ ва мушкилоти рӯзноманигорони варзишӣ дар Тоҷикистон


Комёбӣ ва мушкилоти рӯзноманигорони варзишӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

  • “Бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт. Ҳар ду команда чанд вазъияти хавфнокро дар назди дарвозаҳои худ эҷод карданд, вале футболбозон аз он истифода карда натавонистанд."

Ин бахше аз гузориш аз сабқати миёни тимҳои футболи “Динамо”-и Маскав ва “Помир”-и Душанбе дар Мусобиқаи лигаи олии СССР дар соли 1989 аст. Шореҳи ин бозӣ Нарзуллоҳи Латиф, яке аз аввалин журналистони варзишии маъруф ва собиқадори тоҷик, садои ин гузоришро дар лента то кунун дар осорхонаи хусусии худ ҳифз кардааст.

Дар ҷашни 20-солагии таъсиси Анҷумани харбарнигорони варзишии тоҷик, аъзои он дар нишасте аз кори хабарнигорони варзишии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд.

Зарринаи Абдулвоҳид, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, “саҳми ин иттиҳодия дар он аст, ки тамоми рӯзноманигорони риштаи варзишро ба ҳам овардааст. Ба ҳам омадан, ба ҳам нишастан, аз якдигар омӯхтан ин як ҳадафи иттиҳодия аст.”

Аммо ба қавли бархе аз ширкатдорони анҷуман ҳоло низ дар баъзе аз расонаҳо рӯзноманигороне дар бахшҳои гуногуни варзиш гузориш ва шарҳ медиҳанд, ки чандон вориди он бахш нестанд:

Ба қавли хабарнигори варзишӣ, Раҳматшо Обидов, “дар замони Шӯравӣ бо чӣ гуна мушкилот ба соҳаи варзиш роҳ меёфт. Имрӯз хеле шахсони оддӣ, ки аз варзиш хеле дуранд ва умуман варзишгар нестанд, роҳ ёфтаанд. Худи Нарзуллоҳ Латипов борҳо чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шудааст. Касе инро намедонад, фикр мекунанд, ки Нарзуллоҳ Латипов фақат рӯзноманигор аст.”

Ширкатдорони Анҷумани хабарнигорони варзишӣ бар инанд, ки хабарнигорони бахши варзиш бояд мактаби хоси худ бо устодони ботаҷриба дошта бошанд.

“Хушбахтона, устодоне, ки дар соҳаи журналистикаи тоҷик ва хоса дар соҳаи журналистикаи варзишӣ саҳмгузор ҳастанд, дар Тоҷикистони мо кам нестанд”, -- бовар дорад хабарнигори тоҷик Ҳотами Ҳомид.

Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон ҳоло тақрибан 70 узв дорад. Аксарият бахши варзиши расонаҳои дохилӣ ва хориҷиии фаъол дар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG