Муноқишаи маргбор миёни нерӯҳои афғон ва Толибон дар шаҳри ҷанубии Қандаҳор ва атрофи он рӯзи дуввум аст, ки идома дорад.
Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 10- июл гуфт, ки даҳҳо ҷангӣ дар набардҳо дар минтақаи ҳафтуми Қандаҳор ва атрофи маркази вилоят, ноҳияи Данд кушта шудаанд. Сухангӯи артиши Афғонистон дар суҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳарбиён бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар тӯли 24 соати охир амалиёт анҷом доданд. Дар натиҷаи ин амалиёт 70 толиб кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шудааст. "
Маъмурони амниятӣ дар бораи талафот дар миёни нерӯҳои афғон дар ин шаҳр, ки як пойгоҳи собиқи Толибон аст, ҳеҷ иттилое надодаанд. Аз талафот миёни мулкӣ гузориш шудааст ва беморхонаи “Мирвай”-и шаҳри Қандаҳор гуфтааст, ки катҳои шифохона пур аз захмиҳо шудааст.
Муҳаммад Довуди Фарҳод роҳбари ин шифохона ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 57 маҷрӯҳе, ки ба беморхона оварда шуданд, 41 нафар ғайринизомиён буданд. Ба гуфтаи ӯ ҷасади 11 кушта низ ба бемористон оварда шуд, ки ҳафт нафари онҳо шӯришиёни силоҳбдаст ва боқӣ афроди мулкӣ ва низомиёни афғон буданд.
Идораи паноҳандагони шаҳри Қандаҳор гуфт, ки тақрибан 2000 оила аз мавзеи Мир Бозор ва Мирвайс Мино дар ноҳияи ҳафтуми Қандаҳор овора шуда, маҷбур шудаанд, ки дар қисматҳои дигари шаҳр паноҳ баранд.
Толибон хонаҳои мардумро ба худ сипар кардаанд...
Сухангӯи полиси Қандаҳор Ҷамол Носӣ Боракзай рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озади гуфт, ки ҷангиён мардуми осоиштаро ба таври иҷборӣ пеш мекунанд ва хонаҳои онҳоро ба ҳайси сипар барои худ истифода мекунанд. "Нерӯҳои амниятии мо бо Толибон муқовимат мекунанд, аммо амалиёт мураккаб ва суст пеш меравад, зеро онҳо дар хонаҳои мардум пинҳон мешаванд"-, гуфт Боракзай.
Як сарбози афғон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, "мо мехоҳем Толибонро аз шаҳри Қандаҳор берун кунем, аммо намехоҳем манзилҳои мардуми шаҳрро вайрон кунем".
Ба ғайр аз шаҳри Қандаҳор, дар чанд ноҳияи вилояти Қандаҳор, аз ҷумла Арғандоб, Спин Болдак ва Данд, низ задухӯрдҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибони силоҳбадаст ба вуҷӯъ пайвастанд. Толибон ҳузури дар ҷангҳои Қандаҳор тасдиқ накардаанд, аммо иддао кардаанд, ки чанд посгоҳи амниятиро дар ноҳияҳои Спин Болдак, Данд ва Жарай ба даст овардаанд. Бино ба гузоришҳо, пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА аз 1-уми май, даҳҳо ноҳияи Афғонистон сӯи ҷангиёни Толибон тасарруф шуд ва нерӯҳои ҳукумати ноустувори Кобул дар муқобили ҳамлаҳои Толибон осебпазиранд.
Мақомоти амниятии Афғонистон қавл доданд, ки сарбозони афғон ба ҳамлаҳои ҷавобӣ мегузаранд ва Ҷо Байнден раисҷумҳури Амрико низ ба Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон итминон дод, ки сарфи назар аз хуруҷи низомиён, нерӯҳои амрикоӣ дар канори Кобул хоҳанд истод.
Якбора авҷ гирифтани ҳамлаҳои Толибон ба манотиқи Афғонистон дар хусусан шимол, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст Душанберо нигарон кардааст. Рӯзҳои охир садҳо сарбоз ва паноҳҷӯёни мулкии афғон аз Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд. Ҳафтаи равон Тоҷикистон бо ишора ба эҳтимоли нооромиҳо дар марзаш бо Афғонистон эълон кард, ки то 20 ҳазор афсари эҳтиётиро барои таҳкими назорати марзи кишвар бо Афғонистон сафарбар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, як ҳайти Толибон рӯзи 8-уми июл дар Маскав гуфт, сарфи назар аз тасарруфи манотиқи зиёде дар саросари Афғонистон, Толибон ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиде ба бор намеоранд.