Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз кушта шудани як сарбозаш дар марз хабар дод, Тоҷикистон аз захмиён гуфт


Як сарбози Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон, моҳи майи 2021
Як сарбози Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон, моҳи майи 2021

Мақомоти Қирғизистон 9-уми июл гуфтанд, ки дар натиҷаи тирпарронии як рӯз пеш дар марз бо Тоҷикистон сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев, кушта шудааст. Қаблан Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани ду сарбози қирғиз хабар дода буд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8-уми июл рӯй дод. Ҳарду тараф сабабҳои сар задани онро ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки сарбозони Қирғизистон марзро ғайриқонунӣ гузашта, аввал тир кушоданд ва сипас дар тиркушоии ҷавобӣ кушта шуданд. Тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ҳангоми хидмат ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми июл эълон кард, ки дар чӣ шароит кушта шудани сарбоз Ҳусниддин Ҳоҷиевро таҳқиқ мекунад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, "тибқи иттилои пешакӣ, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд", аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то кунун иттилоъ надодааст.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл гуфт, тирпарронӣ пас аз он шуруъ шуд, ки чаҳор сарҳадбони Қирғизистон "бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ ва силоҳи оташфишони АК" сарҳади Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд "ғайриқонунӣ гузаштанд". Вале мақомоти Қирғизистон ҳодисаро "ҳамлаи ногаҳонӣ" ба нерӯҳои марзбонии худ номиданд.

Дар изҳороти тарафи Тоҷикистон гуфта мешавад "номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", аммо тарафи Қирғизистон дар эъломияи худ мегӯяд, "ҳайати савораи марзбонӣ, ки дар наздикии ағбаи Чашмагилдони ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд вазифаи худро дар дидбонии хатти марз анҷом медод, аз тарафи марзбонони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт."

Вале бино бар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сарҳадбонони Қирғизистон ба фармони марзбонони тоҷик итоат накарда, "аз силоҳ оташ кушоданд". Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ ду сарҳадбони қирғиз захмӣ гардидаанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад ва дар он муноқиша дар марзи вилояти Суғд ва Бодканд аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст. Пас аз мулоқоти президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, ки 32 километри дигар бо тартиби корӣ аниқ карда шуданд.

XS
SM
MD
LG