Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафарро аз Кундуз кӯчониданд


Низомиёни афғон дар шаҳри Кундуз
Низомиёни афғон дар шаҳри Кундуз

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки ҳудуди 5 ҳазор хонаводаро аз Кундуз кӯчонидаанд.

Дар Кундуз миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон ҷанг ҷараён дорад. Ҷагиёни Толибон бархе навоҳии атрофи шаҳри Кундузро ишғол кардаанд.

Ғулом Сахӣ Расулӣ, масъули ҳукумати Кундуз дар умури кор бо гурезагон гуфт, ки ҳазорон нафар Кундузро тарк кардаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон пас аз эълони ИМА, ки аз рӯзи 1-уми май ба берун кардани нерӯҳояш аз Афғонистон оғоз кард, ҳамлаҳои худро шиддат бахшидаанд.

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 25-уми июн дар Кохи Сафед ба президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон гуфт, ки "афғонҳо бояд ояндаи худро ҳал кунанд." Аммо Байден қавл дод, ки ба Афғонистон кӯмак мекунанд.

Музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Қатар оғоз ёфт, қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG