Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси муҳоҷири тоҷик дар Русия бо дархости Қирғизистон дароз шуд


Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворух.
Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворух.

Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон рӯзи 30-уми июн бори чорум муҳлати ҳабси пешакии Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро як моҳ дароз кард.

Абдуфаттоев аз 1-уми феврали соли 2021 боздошт шуда муҳлати ҳабси пешакиаш инак бори чорум дароз карда мешавад. Ӯ бар асоси дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дар боздошт қарор дорад.

Ислом Неъматов бародарзодаи Абдуфаттоев рӯзи 30-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон баргузор шуд ва додгоҳ муҳлати ҳабси пешакии ӯро як моҳи дигар дароз кард.

“Прокурор дар ин мурофиа гуфт, ки ман аз рӯзи аввали боздошт гуфта будам, ки ӯро 6 моҳ дар ҳабси пешакӣ нигоҳ медорам”-, гуфт Неъматов.

Наздикону пайвандони Абдуфаттоев мегӯянд, эҳтимол ин бори охир аст, ки додгоҳ муҳлати ҳабси пешакии ӯро дароз кард ва баъд аз он ӯро ба Қирғизистон истирдод мекунанд.

Илларион Василев, вакили дифои Фурқат Абдуфаттоев қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти тафтишоти Қирғизистон Абдуфаттоевро дар ғайбаш танҳо гумонбар донистаанд. Дар нисбати ӯ расман айб эълон нашудааст. Мувофиқи қонунҳои Русия шахсеро, ки дар нисбати ӯ айб эълон нашудааст, истирдод кардан мумкин нест".

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҷониби Қирғизистон муғойири конвенсияҳо оид ба истирдоди шахсони дар пайгард қарордошта амал карда ва Додситонии Русия ба ҷойи рад кардани чунин талаби ғайриқонунӣ, онро иҷро карда истодааст.

Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод". Дар аввал ҷониби Қирғизистон иддао дошт, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 13-уми марти соли 2019 дар моҷарои марзӣ ширкат кардааст ва талаб дошт, мақомоти Русия ӯро ба ин кишвар диҳанд.

Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додааст, рӯзи 1-уми феврали имсол дастгир кард. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст. Ба иддаои мақомоти қирғиз, Абдуфаттоев гӯё бо мошин сангреза оварда, роҳи Оқсой - Ворухро баста, ба бетартибӣ роҳ доданд".

Наздикони Фурқат Абдуфаттоев ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, Абдуфаттоев дар моҷароҳои марзӣ ширкат надошт ва Русия бояд ӯро озод кунад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG