Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъагул Назарова: "Сардори СИЗО гуфт, ки ба писарат ҷоду хурондагӣ". ВИДЕО


Ҷумъагул Назарова, модаре, ки иддао дорад писараш дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст
Ҷумъагул Назарова, модаре, ки иддао дорад писараш дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст

Ҷумъагул Назарова, як сокини ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, ки писараш ҳангоми бозпурсӣ дар идораи милисаи шаҳри Хуҷанд шиканҷа шудааст. Ба гуфтаи модар муфаттиш фарзандашро азоб дода, абрӯвонашро тарошиданд.

Модар танҳо пас аз як ҳафта тавонист ба дидори писараш расад. "Маро наздаш иҷозат доданд, дароям, ҳаққонӣ қошҳояшро тарошида буданд ва нав якта-якта баромадагӣ буданд. Писарам гуфт, маро зиёд азобу шиканҷа доданд, коргарони мақомот, ки нашъаро аз куҷо гирифтӣ? Вақте дубора вохурдам, гуфт ман худам кардам"-, иброз дошт Назарова. Модар мегӯяд, агар писараш гунаҳкор бошад, бигзор бар асоси қонун ҷазо гирад, аммо аз роҳи шаканҷа ба дасти овардани гуноҳ худ ҷиноят аст.

Муфаттишон ба Назарова гуфтаанд, ки писараш бемории равонӣ дорад. Аммо ӯ мегӯяд, писараш то афтодан ба идораи милиса сиҳату саломат буд ва пас аз шиканҷа шудан, мушкилоти равонӣ пайдо кардааст. Назарова мегӯяд, аз шарҳе, ки роҳбари боздоштгоҳи мувақат дод ӯ ҳайрон монд: "Сардори СИЗО гуфтанд, ки ба писартон ҷоду хурондагӣ. Ман ҳайрон шудам. То СИЗО рафтанаш нағз буду дасти мақомот афтида ҷоду шудаст. Латукубашро ягон кас ба гардан намегирад"-, афзуд Назарова.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Модар мегӯяд, писарашро заданд ва қошашро тарошиданд, то гуноҳро ба гардан гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Маъмурони милиса дар вилояти Суғд мегӯянд, иддаои модар асос надорад ва тафтишот ҳеҷ қонуншиканиеро ҳангоми бозпурсиҳо ошкор накардааст. Дар Тоҷикистон барои шиканҷа то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст, аммо парвандаҳо бо иттиҳоми шиканҷа бисёр кам аст. Рӯзи 26 -уми июн дар ҷаҳон рӯзи мубориза бо шиканҷа эълон шудааст ва дар Душанбе ҳам ба ин сабаб намоишгоҳи аксҳои шиканҷашудагон сурат гирифт. Дар намоишгоҳ, ки Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар меҳмонхонаи "Серена" дар Душанбе баргузор кард, аксҳои шиканҷашудаҳоро ба намоиш гузоштанд. Аксҳое, ки ба гуфтаи ҳозирон дили онҳоро хун кардааст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси вазида ва ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, "ин гуна намоишгоҳҳо дили одамро хун мекунанд. Чунки бубинед, чӣ қадар онҳо ҷавонанд, ки бо марги худ намурдаанд, онҳоро шиканҷа кардаанд." Ба гуфтаи масъулони чорабинӣ, соли гузашта ба онҳо 38 нафар аз шиканҷа шикоят карданд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ камтар аст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, кам шудани муроҷиат ба маънии беҳтар шудани вазъ нест.

Нигина Баҳриева, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон "Нотабене"
Нигина Баҳриева, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон "Нотабене"

Нигина Баҳриева, вакили дифоъ ва роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи инсон "Нотабене", худи қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо ба системаи судӣ бовар надоранд, аз ин рӯ кам шикоят мекунанд. "Онҳо боварӣ надоранд, ки дар ин мурофеа ғолиб меоянд. Аз сӯи дигар бисёр адвокатҳо намехоҳанд бо парвандаҳои марбут ба шиканҷа машғул шаванд. Онҳо намехоҳанд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархӯрд дошта бошанд ва натиҷа ин мешавад, ки қурбонӣ бо андешаи он, ки ба ӯ касе кумак намерасонад, дар ҳолати осебпазирӣ боқӣ мемонад."-, гуфт Баҳриева.

Бино бар омори расмӣ соли 2020 дар додгоҳҳо 1 парвандаи мабут ба шиканҷа баррасӣ шудааст. Шиканҷа кардани муттаҳамон ба ҷиноят барои эътирофи иттиҳом яке аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва Созмони Милали Муттаҳид ҳам борҳо аз ҳукумат хостааст, ин зуҳуроти бадро решакан кунад.

XS
SM
MD
LG