Дар гузаргоҳи Панҷи Поён--масири асосии интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон, қариб се рӯз боз хомӯшӣ ҳукмфармост.
Субҳи 22-юми июн гурӯҳи Толибон дар пайи даргирии шадид дар он тарафи марзи Тоҷикистон гузаргоҳи муҳими Шерхон-Бандарро забт карданд. Ронандаҳои боркаш ва сокинони деҳаи наздимарзӣ аз даҳшати он рӯз ёд карда мегӯянд, дар 30 соли ахир боре ҳам чунин тирпарронии сахтро нашунида буданд.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
“Аз болои сарамон тирҳои дайду мегузашт”
Амирҷони Эмомализода, дар минтақаи марзии Панҷи Поён боркашон аст. Субҳи 22-юми июн вай аз мошини боркаш семент холӣ мекард, ки аз он тарафи марз тирпарронӣ сар шуд.
“Ба болои сарамон тирҳои дайду мегузашт. Ҳукуматиҳои Афғонистон зӯрашон, ки нарасид болои пул омаданд ва як нафарашон кушта шуд. Як рӯз пеш гуфта буданд, ки Толибон ноҳияи Имом Соҳибро гирифта, ба марз наздик шудаанд,”-гуфт Амирҷон.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо сар шудани тирпарронӣ марзбонон онҳоро ба ҷойи дуртар бурданд, то ягон нафар захмӣ нашавад.
Субҳи 22-юми июн дар пайи даргирии сахт байни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва Толибон, гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба дасти ин гурӯҳ гузашт. Дар ин макон “Пули дӯстӣ” сохта шудааст, ки Тоҷикистонро ба Афғонистон мепайвандад. Рӯзона аз пул даҳҳо мошини боркаш ба ду тарафи марз маҳсулот мегузаронданд. Рӯзи 23-юми июн, вақте ба наздикии пул рафтем, атроф хомӯшӣ буд. Дар он тарафи марз касе набуд ва садои тирпарронӣ ҳам шунида намешуд. Дар ин тарафи марз, сарҳадбонони тоҷик буданд ва касеро гузаштан намемонданд. Мошинҳои боркаш дуртар аз минтақаи марзӣ дар тафаққуфгоҳ истода буданд.
Абдуҳалим Ҳалимов, яке аз ронандагон мегӯяд, аз ноҳияи Ёвон семент овард ва бояд аз он тарафи марз омада, маҳсулотро қабул мекарданд. Ҳалимов гуфт, ба онҳо ваъда додаанд, ки то рӯзи душанбе марз кушода мешавад. “Чорум сол аст, ки ба инҷо меоям, аммо ягон вақт инхел чанд рӯз маҳкам намешуд,”--афзуд ронандаи тоҷик.
"Занону кӯдакон тарсиданд"
Задухӯрд миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон натанҳо ронандагони мошинҳои боркаш, балки сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ҳам тарсондааст.
Юсуф, як сокини деҳаи Сарипули ноҳияи Ҷайҳун-наздиктарин маҳалла ба марзи Афғонистон мегӯяд, дар тӯли қариб 30 сол бори аввал инхел садои тирпаррониро аз он тараф мешунавад. Юсуф гуфт, ба онҳо ягон зарар нарасид, танҳо занону кӯдакон тарсиданд. “Мо дар наздикии сарҳад ҳастем ва омада назорат мекунанд, мегӯянд, ки назди сарҳад наравед. Худамон ҳам ба сарҳад наздик намешавем.”
Сарбозони афғон дар куҷо ҳастанд?
Дар пайи даргирӣ байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи Толибон, 134 сарбози ҳукуматии Афғонистон маҷбур шуданд, ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, сарҳадбонони тоҷик бо назардошти қавонони башарӣ ва “ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.” Дар баёнияи Кумита гуфта мешуд, ки яке аз сарбозони афғон ҳалок ва чаҳор нафари дигарашон захмӣ шудаанд. Пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун гуфтанд, ба сарбозони афғон ёрии тиббӣ расониданд.
Муҳаммадӣ Аҳёев, муовини сартабиби беморхона ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 4 сарбози афғон ду нафарашон захми сабук доштанд, ки ҳоҷат ба бистарӣ кардани онҳо набуд. Ба гуфтаи пизишк, ду сарбози дигарро ба беморхона оварданд ва тирро аз баданашон гирифтанд.
“Ҳолаташон беҳтар аст. Як нафараш аз зону поён ва дуввумӣ аз китфаш тир хӯрдагӣ аст. Ин захмҳо барои ҳаёташон хатарнок нест,”--афзуд муовини сартабиби беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун.
Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо сарбозони захмишудаи афғон бенатиҷа буд. Субҳи 23-юми июн дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ба мо гуфтанд, ки ду сарбози афғон дар беморхонаи минтақавии 7-ум ҳастанд. Вақте ба ин беморхона рафтем, дар саҳни он кормандони ниҳодҳои қудратӣ буданд. Масъулини дармонгоҳ бо баҳонаи набудани сардухтур ба мо иҷозаи наздик шудан ба сарбозони афғонро надоданд. Ним соат баъд кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” ду сарбози Афғонистонро бурданд.
Дақиқ нест, ки 134 сарбози артиши Афғонистон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд, феълан дар куҷо ҳастанд. Сокинони минтақаи марзӣ гуфтанд, ки сарбозонро баъд аз зуҳри 23-юми июн бо ду мошин ба самти Душанбе бурданд. Масъулини Сафорати Афғонистон ҳозир нашуданд дар ин бора шарҳ диҳанд.
Вазъият дар шимоли Афғонистон вазнинтар мешавад ва задухӯрд миёни неруҳои ҳукуматии Афғонистон ва гуруҳи Толибон давом дорад. Дар чунин шароит маълум нест, ки кай интиқоли маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон дубора оғоз мешавад. Ҳарчанд гурӯҳи Толибон гуфтааст, тиҷорат идома меёбад.