Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австралия озмоиши эми нави зидди COVID-19 сар шуд


Нишонаи роҳнамои маркази озмоиши коронавирус дар Мелбурни Австралия
Нишонаи роҳнамои маркази озмоиши коронавирус дар Мелбурни Австралия

Олимони Австралия озмоиши эм ё воксини нави зидди COVID-19 – ро оғоз карданд, ки ҳамчун моеъ ба бинӣ ва димоғи инсон ворид карда мешавад. Мутахассисони ширкати австралии Nucleus Network изҳор медоранд, ки ин эм аз маҳсулоти AstraZeneca ва Pfizer дида босамартар хоҳад буд. "Садои Амрико" ҷузъиёти ихтирои олимони австралро дар матлаби вижае баррасӣ кардааст. Доктор Пол Гриффин, мудири илмии ширкати Nucleus Network, ки санҷиши кори эми навро дар дармонгоҳҳо сар кардааст, мегӯяд, воксини австралӣ хатари сироят ба коронавирусро ба охирин ҳад коҳиш медиҳад."Бартарии асосии эми нав дар он аст, ки бо ҳамон роҳи вурудии вирус ба бадан ворид карда мешавад. Мо бовар дорем, ки ин таъсири ваксинаро бештар ва даромадани вирусро ба бадани инсон пешгирӣ мекунад," - гуфт Гриффин. Аммо олимони австралӣ инро ҳам гуфтаанд, ки эми нав тақрибан пас аз ду сол дастраси одамон хоҳад шуд. Алҳол дар Австралия барои мубориза бо COVID-19 ду ваксини AstraZeneca ва Pfizer истифода мешаванд. Ин ҳафта мақомоти беҳдоштии кишвар эълом доштанд, ки эми AstraZeneca ба одамони аз шастсола боло тавсия дода мешавад. Сабаб дар он буда, ки эми мазкур дар афроди ҷавонтар кам ҳам бошад, хатари сар задани бемории тромбозро ба миён меовардааст. Мақомоти Австралия нақша доранд, эмгузаронии аҳолии 25-миллионнафараи ин кишварро то поёни соли 2021 ба анҷом расонанд. То имрӯз дар Австралия наздики 30 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 900 нафари онҳо фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG