Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар пайи ҳодисаҳои ахири марзӣ субҳи 16-уми июн барои гуфтушунид бо Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон ба ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар кард.
Дар ин бора сухангӯйи ҳукумати вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба Радиои Озодӣ хабар дод ва афзуд, дар ин гуфтушунид ҳамчунин намояндагони мақомоти интизомӣ ва сарҳадбонон низ ширкат доранд. Натиҷаи гуфтушунид ҳанӯз эълон нашудааст, вале ба қавли ширкатдорони он мақсади асосии дидор ҳалли масъалаҳо барои пешгирӣ аз муноқиша ва таъмини бехатарии сокинон аст.
Се мавзуи мулоқоти сарони Бодканду Суғд
Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд гуфт, се мавзуӯъ ҳамчун масъалаи асосӣ дар ин мулоқот матраҳ шудааст: “Ҳалли мушкилии дастрасӣ ба оби полезӣ, дуюм мавзӯъ пешгирии ҳама гуна сохтмон дар минтақаҳои баҳсӣ бе мувофиқаи тарафҳо, сеюм мавзӯъ ҳалли проблемаи боздошти чорво ва соҳибони он ҳангоми гузаштан аз минтақаи марзӣ, тарғибу ташвиқ байни мардум барои дар рӯҳияи дӯстию ҳамсоядорӣ зистан”.
Дидори раисони ду вилоят дар ҳоле баргузор гашт, ки ду рӯз пеш ҳавлии яке аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар минтақаи баҳсӣ ба коми оташ рафт ва ҳам дар як минтақаи баҳсталаби марз сохтмони деворе ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин дар қаламрави Қирғизистон сокинон аз камобӣ даст ба эътироз заданд ва танҳо пас аз тирандозии марзбонони қирғиз пароканда гаштанд.
14-уми июн хонаи сокини Хоҷаи Аъло Меъроҷ Зикриддинзода оташ гирифт. Он ҳам дар ҳоле ки касе дар хона набудааст. Вай рӯзи 15 -уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Се ҳуҷра бо бомпӯшаш ва як оғилхона сӯхт. Ягон аломати сӯхторро дар хона наёфтам ва ҳамсоягон низ аз чӣ гуна сар задани сӯхтор бехабар мондаанд. Ман то соати 14 ба хона расида омадам ва сӯхторро хомӯш кардем."
Хонаи сокини Хоҷаи Аъло чаро оташ гирифт?
Мавзеи ҷойгиршавии ҳавлии Меъроҷ Зикриддинзода дар ҷое қарор дорад, ки аз ду ҷонибаш маҳаллаи қирғизтаборони деҳаи Оқтатир ҷойгир шудааст. Дар ин маҳаллаи тоҷикиншин ба гуфтаи сокинон ва мақомот бештар аз 10 хонавода зиндагӣ мекунанд ва рӯзона бештар ба кори саҳро машғул мешаванд. Дар замони сӯхтор аксари сокинон дар кор будаанд.
Азиз Қаҳҳоров, сокини Хоҷаи Аъло ва муассиси каналаи "Хоҷаи Аъло" дар шабакаи Ютюб, ки аз аввалинҳо шуда хабари сухторро расонаӣ кард, мегӯяд дар ҷойи ҳодиса аломатҳои ба таври сунъӣ сар задани сӯхторро мушоҳида кардааст. Вале дақиқан нагуфт, ки чиро ҳамчун далел ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир касеро дар ин ҳодиса гунаҳкор намеҳисобанд.
Аҳрорхоҷа Шокиров, раиси маҳаллаи Хоҷаи Аъло гуфт, шахсан ҷойи ҳодисаро надидааст, вале "вақте сабабашро пурсидам, гуфтанд, ки аз расиши кутоҳи барқӣ сухтор ба амал омадааст."
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ҳодисаро мақомот тафтиш мекунанд ва ҳанӯз хулоса эълон нашудааст.
Вале ба гуфтаи Музаффар Юнусов Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамтои қирғизаш ин масъаларо то ҳол дар миён нагузоштааст ва маълум нест, ки ин мавзӯъ низ ба баҳс кашида мешавад ё не. Пештар низ чанде аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аз оташ гирифтани хонаву боғашон ба таври мармуз ба расонаҳо хабар дода буданд.
Аз сохтмони девор дар марз ҷилавгирӣ шуд
Ҳамчунин аз ин пештар сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ аз сохтани як девор дар мавзеи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Сохтмони ин девор, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсой ду рӯз пеш оғоз шуд, вале дар машварат бо ҷониби Қирғизистон қатъ шуд. Мақомоти қирғиз ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд.
Навори оғози сохтмони ин девор рӯзи 14-уми июн дар Инстаграм нашр шуд ва норизоии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълоро ба бор овард. Сокинон ва мақомоти тоҷик маҳали сохтмони деворро баҳсӣ медонанд.
Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара рузи 15-уми июн гуфт, баъди шикояти сокинон аз сохтмони девор дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Имом Аъзами деҳаи Хоҷаи Аъло бо масъулони деҳаи Оқсой суҳбат шуд ва онҳо розӣ шуданд, ки дигар сохтмони девор идома наёбад.
Ин манбаъ гуфт, дарозии пойдевор ҳудуди 30 метр аст ва бо семент дуруст шудааст. Ӯ афзуд, ки ҳоло аз идомаи сохтани он ҷилавгирӣ шуд ва талош аст, ки аслан дар ин мавзеъ девор сохта нашавад. То ҳол дар ин мавзеъ девор нест ва фақат як канал ду деҳаро ҷудо мекунад.
Рӯзи 28-29-уми апрели имсол баҳси сокинони ду ҷонибд дар марз ба муноқишаи мусаллаҳона печид. Аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Даҳҳо хона аз ду тараф осеб дид.
Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар оғози муноқиша айбдор карданд.