Нахуствазири Покистон гуфт, ӯ ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Исломобод дар бораи "ҳамкориҳо дар бахши мудофиа ва силоҳ" суҳбат кардаанд.
Имрон Хон, ки рӯзи 2-юми июн дар нишасти матбуотӣ бо забони урду суҳбат мекард, гуфт: "Бисёр муҳим аст, ки ҳамкориҳои дифоии мо рушд кунад". Раиси ҳукумати Покистон аз ин бештар шарҳ надод. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора чизе нагуфт.
Як мақоми расмӣ, ки ҳайати Тоҷикистонро дар Исломобод ҳамроҳӣ мекард, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи бахши тавофуқҳои дифоӣ бо Покистон навишт, "шояд дар мулоқоти хоса, паси дарҳои баста, доир ба ҳамкориҳо суҳбат карда бошанд, вале санад имзо нашудааст."
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории "Dawn" навишт, нахуствазири Покистон гуфтааст, ду раҳбар “ниёзҳои Тоҷикистонро ба силоҳҳои сохти Покистон баррасӣ карда, дар ин замина ёддошти тафоҳум имзо карданд”.
Ҳамзамон, ба навиштаи хабарнигори покистонӣ Саҷҷод Ҳусайн дар сомонаи "Yahoo", Покистон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои дифоиро имзо карданд, ки бар асоси он силоҳҳои тавлиди Покистон ба ин кишвари Осиёи Марказӣ фурӯхта мешавад". Ба навиштаи ӯ, ин созиш бахше аз чанд ёддошти тафоҳум аст, ки миёни ду кишвар дар ҷараёни сафари Раҳмон ба Покистон имзо шудааст.
Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн дар бораи имзои 12 санад бо Покистон хабар дод, ки ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду маориф, нақлиёту борбарӣ ва мубориза бо фасоду ришвахориро дар бар мегирад, вале ҳеч ишорае ба ҳамкориҳои дифоӣ ва силоҳ нест.
Дар бораи Афғонистон чӣ гуфтанд?
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 2-юми июн дар Исломобод, пойтахти Покистон, буд. Ӯ зимни сафари расмӣ бо раҳбарони ин кишвар дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва ояндаи Афғонистон гуфтугӯ кардааст, ки ҳам бо Тоҷикистон ва ҳам Покистон ҳамсоя аст. Ду тараф метарсанд, ки нооромиҳои афзоянда дар Афғонистон мабодо ба вазъи ду кишвар таъсири манфӣ нагузорад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Имрон Хон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар бораи иқтисоду вазъи амниятӣ низ гуфтугӯ кардаанд. Бахусус дар бораи рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва нигарониҳо аз ояндаи ин кишвар.
Нахуствазири Покистон гуфт, сулҳ дар Афғонистон ба манфиати ҳам Душанбе ва ҳам Исломобод аст. Ӯ вазъи ҳозираро бо соли 1989, замони аз Афғонистон рафтани нирӯҳои Шӯравӣ, муқоиса кард. Имрон Хон афзуд, дар сурати бесуботӣ дар Афғонистон мизони тиҷорату савдои ду кишвар осеб мебинад: “Мо, инчунин, аз афзоиши терроризм ҳарос дорем. Ҳарду ба мувофиқа расидем, ки кишварҳои мо бояд дар дастёбӣ ба созиши сулҳи сиёсӣ дар Афғонистон ворид бошанд.”
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки “шарикии худро дар масъалаҳои мубориза ба зидди таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома медиҳанд”. Дар робита бо Афғонистон, ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, “ҷонибҳо ба ҳамкориҳои муштарак дар эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
КАСА-1000, тарҳи муҳим бо сарнавишти номаълум
Дар бахши иқтисод, ба таъкиди президенти Тоҷикистон, Душанбе “ҳавасмандии хешро ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус дар доираи лоиҳаи КАСА-1000 изҳор намуд”.
КАСА-1000 як тарҳи азими минтақавӣ аст, ки бояд нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Покистону Афғонистон бирасонад. Тарҳи мазкур 5 сол пеш оғоз шуд ва барои иҷрои он садҳо миллион доллар харҷ шудааст. Ҳоло, ки нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мераванд ва нигаронӣ аз бозгашти Толибону нооромӣ зиёд аст, сарнавишти тарҳ ҳам номаълум аст.
Мақомоти тоҷик дар Покистон гуфтаанд, боз шудани роҳҳои интиқоли молу колои кишвар “ба бандарҳои баҳрии Карочӣ ва Гвадар” муҳим аст. Инчунин, суҳбат аз роҳандозии боркашонии ҳавоӣ (карго) байни ду кишвар ва пайвастани Тоҷикистон ба долонҳо ва лоиҳаҳои нақлиётии минтақавӣ рафтааст.
Равобити дипломатии Тоҷикистону Покистон соли 1992 барқарор шуда, ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Кишварҳои Исломӣ ҳамкорӣ доранд. Айни замон сиёсатҳои ду ҳукумат бавижа дар масоили дину мазҳаб аз ҳам фарқ дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2010 гуфт, дар амри мубориза бо ифротишавии ҷавонон, донишҷӯҳояшро аз кишварҳои исломӣ бармегардонад. Яке аз ин кишварҳо Покистон буд, ки ба қавли мақомоти тоҷик, дар онҷо созмону гурӯҳҳои аз назари мақомоти расмии Душанбе "номатлуб" ва "ифротӣ" фаъол мебошанд.