Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоҷаи Аъло иддао карданд, ки як "дрон"-ро аз байн бурдаанд 


Ин аксро аз баландӣ ва дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гирифтаанд
Ин аксро аз баландӣ ва дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гирифтаанд

Марзбонҳои тоҷик дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара иддао карданд, ки "дрон"-еро ҳангоми забту назорати минтақа аз байн бурдаанд. Онҳо бовар доранд, "дастгоҳ аз ҷониби Қирғизистон омадааст", вале Душанбеву Бишкек расман қазияро шарҳ надоданд.

Як намояндаи марзбонон бе овардани номаш рӯзи 31-уми май гуфт: "Вақте "дрон" дар болои "Головной", маркази тақсими об, пайдо шуда, ба тарафи мо ҳаракат мекард, зада шуд. Дастгоҳ дар баландӣ ҳаракат мекард, пас аз тиркушоии мо дигар дида нашуд."

Чанде аз сокинони Хоҷаи Аъло низ гуфтанд, нишонае аз маҳв шудани "дрон"-ро надидаанд, аммо тасдиқ карданд, ки тақрибан як моҳ боз гаштугузори дастгоҳҳои забту назоратиро дар минтақа мушоҳида мекунанд.

Сафар Шарифов, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "дрон" соати нӯҳуними шаби 30-юми май пайдо шуд ва пас аз он тиркушоии сарҳадбонон оғоз ёфт. "Чанд рӯз боз дронро медидем, вале бори аввал буд, ки марзбонҳо барои нобуд карданаш оташ кушоданд. Аз садои тир мардум тарсида, пинҳон шуданд", -- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи гаштугузори "дрон"-ҳо дар марз бо Қирғизистон чизе нагуфтаанд. Ҷониби Бишкек низ ин хабарро тасдиқ ё рад накард.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва беш аз 180 маҷрӯҳ хабар дод.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

XS
SM
MD
LG