Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ташхиси ба ҳам зид. Як арабистонии гумонбар ба коронавирус аз Тоҷикистон рафт. ВИДЕО


Мансур Алӣ Қосим, шаҳрванди Арабистони Саудӣ, аз бемористон рухсат шуд ва ба Узбекистон рафт.
Мансур Алӣ Қосим, шаҳрванди Арабистони Саудӣ, аз бемористон рухсат шуд ва ба Узбекистон рафт.

Шаҳрванди хориҷие, ки гуфта мешуд, ба COVID-19 сироят ёфтааст ва дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд таҳти карантин буд, дар санҷиши навбатӣ солим дониста шуд.

Биноан Мансур Алӣ Қосим, шаҳрванди Арабистони Саудӣ, аз бемористон рухсат шуд ва ба Узбекистон рафт.

Рустам Буриев, сартабиби беморхонаи сироятӣ дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми май гуфт, “охири ҳафтаи гузашта шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудиро бинобар пайдо нашудани нишонаҳои беморӣ ва манфӣ будани ташхисҳои батакрори КОВИД-19 аз ҳолати карантина баровардем”.

Ин меҳмони хориҷиро пизишкон рӯзи 17- уми май пас аз натиҷаҳои мусбати санҷиш дар дармонгоҳи “Луқмони Ҳаким” бистарӣ карданд. Пас аз сару садоҳои аз нав пайдо шудани коронавирус дар Суғд, ташхисгарон аз Маркази назорати тандурустию беҳдоштии шаҳри Душанбе ба Хуҷанд омаданд ва гумонбарони ин бемориро ташхис карданд. Натиҷаи ҳамаи озмоишҳо ин бор манфӣ баромад.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Дар тани меҳмони хориҷӣ вуҷуди коронавирус тасдиқ нашуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ба ин тартиб, изҳороти вазири тандурустии Тоҷикистон, ки дар рӯзи аввали ин хабарҳо гуфт, дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад, зоҳиран бо санҷишҳои тиббӣ собит карданд.

Ҳарчанд пештар вуҷуди гирифторон ба “илтиҳоби шуш”-ро дар ҳудуди ин вилоят тасдиқ карда буданд, вале ҳоло дар бораи онҳо маълумоти дақиқ намедиҳанд. Бисёре аз коршиносон соли гузашта гуфта буданд, ки мақомот гирифторони КОВИД-19-ро “илтиҳоби шуш” меноманд. Сироят ба КОВИД-19 ва гирифтори ба “илтиҳоби шуш” нишонаҳои монанд доранд.

Рустам Буриев, сартабиби беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд дар ин бора кӯтоҳ афзуд, ки ҷое барои нигаронӣ нест ва ин беморонро низ ҷавоб медиҳанд. Аксари масъулини идораи тандурустии Суғд мегӯянд, хурӯҷи дигарбораи бемории ҳамагирро мушоҳида намекунанд ва вазъ зери назорат аст.

Намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19-уми май тасдиқ карда буданд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас "мушкили шуш" доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагир тасдиқ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, ки ҳафтаи гузашта аз бистарӣ шудани чанд нафар бо гумони коронавирус хабар дода буд, аз мақомаш барканор шуд.

Вай аз ҷумла номи шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро ба забон оварда, гуфта буд, ки ин шахс бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифта, се корманди меҳмонхона, ки бо ӯ дар тамос буданд, низ ба гушанишинӣ фиристода шуданд.

Тасдиқи чунин хабар дар ҳоле буд, ки аз аввали моҳи январ то кунун Вазорати тандурустии Тоҷикистон вуҷуди коронавирус дар кишварро рад мекунад. Аз ин рӯ, барканории ин мақоми соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғдро бисёриҳо ба ин изҳори назараш рабт доданд.

Абдумавлон Абдуллозода, мудири ҳамакнун собиқи Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби барканориашро шарҳ надод ва гуфт ҳоло дар ихтиёри шуъбаи кадрҳо қарор дорад. Вале ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун як корманди ҳирфаии соҳаи тандурустӣ ёд мекунанд. Абдуллозода охири соли 2020 ба ин симмат интихоб гардида буд.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин тағйироти кадриро дар ниҳоди зертобеаш тасдиқ кард, вале сабаби барканор шудани зудҳангоми мудири собиқ ва эҳтимоли рабт доштани он бо суҳбаташ дар бораи гумонбарони бемориро шарҳ надод.

Аз замони пайдоиши КОВИД-19, моҳи марти соли 2020, ин бори сеюм аст, ки мудири Маркази назоратию санитарӣ дар вилояти Суғдро иваз мекунанд. Тахмина Усмонова 4-умин раҳбари Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии вилоят дар як соли ахир будааст.

Он ҳам пас аз он ки сару садои дигарбора паҳн шудани ин беморӣ дар маркази вилояти Суғд ва Душанбе боло шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 тасдиқ нашудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон шубҳа доранд. Натиҷаи ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳо (лаборатория) рост ба Вазорати тандурустӣ меравад ва аз ин рӯ тасдиқи дурустии ин ки чанд ҳолати гирифторӣ ҳаст, мушкил аст.

Мақомот мегӯянд, то ин дам сирояти 13 ҳазору 308 кас ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, аммо омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. То кунун беш аз 70 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG