Дар озмуни "Евровидение", ки шаби 22-юм ба 23-юми май дар Роттердами Ҳолланд ба поён расид, гурӯҳи роксароёни Манескин (Måneskin) аз Итолиё бо таронаи "Zitti E Buoni" (Орому хуб) ғолиб омад. Овозхони ин гурӯҳи роксаро, Дамиано Давид ва навозандагонаш Виктор Де Ангелис, Томас Рагги ва Итана Торкио ҳастанд.
Бино бар баҳогузории ҳакамони кишварҳои ширкатдори ин сабқат, овозхони Швейтсария дар мақоми аввал буд, вале бо зам шудани раъйи тамошобинон холи гурӯҳи итолиёвӣ бештар шуд ва онҳо пирӯз омаданд.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон ва муқими Маскав, ки дар ин озмун аз Русия ширкат дошт, дар даҳгонаи беҳтарин ширкатдорони сабқат ворид шуд. Манижа бо таронаи "Russian womаn" бо 204 холи ҳакамон ва раъйи тамошобинон дар мақоми 9-ум ҷой гирифт.
Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин:
- Итолиё — 524
- Фаронса — 499
- Швейтсария — 432
- Исландия — 378
- Украина — 364
- Финляндия — 301
- Малта — 255
- Литва — 220
- Русия — 204
- Юнон — 170.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад, шаби 22-юми май дар Роттердам дар даври ниҳоии сабқат таронаи худро зери шумораи 5 иҷро кард. Ӯ пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буда, ки ҳадафаш ҷой гирифтан дар озмун нест, балки расондани паёмаш аст.
Дар сабқати “Евровидение” овозхоне баранда мешавад, ки бештари бинандагон ба ҷонибдорӣ аз ӯ паёмак фиристодаанд. Имсол овоздиҳӣ ба ҷонибдорӣ аз сарояндаи писандида ҳамчунон тавассути замима (апп) ё нармафзори “Евровидение” имкон дошт.
Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни байналмилалии Eurovision шоми 18-уми май бо истиқболи гарми тарафдоронаш дар Тоҷикистону Русия рӯбарӯ шуд. Ҳарчанд ин ва пирӯзии пешинааш танқиду таҳқири бахше аз ҷомеа ва мақомоти Русияро ба бор овардааст.
Манижа Сангин пас аз пирӯзиаш дар сабқати овозхонҳо барои ширкат дар “Евровидения” таҳти таҳқиру фишорҳои лафзии корбарон ва расонаҳои Русия қарор гирифт.
Мавҷи азиме аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе чеҳраҳои шинохтаву сиёсатмадорони Русия матни таронаи “Зани рус” (Russian Woman), либосу шеваи тақдим ва ҳам ҳуввияти овозхони 30-соларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Кор то ҷое расид, ки Кумитаи тафтишоти Русия – идорае, ки кораш таҳқиқи ҷинояткорист, гуфт, мазмуни таронаи Манижаро мавриди санҷиш қарор дод.
Манижа Ҳамроева, ки ҳоло тахаллуси Сангинро гирифтааст, соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчанд. Манижа мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд.
Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.