Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиб Холид: Ҷадидон мусулмонони ислоҳталаб ва ҷаҳонватан буданд


Алиб Холид
Алиб Холид
Дар ду матлаби гузаштаи худ, ки махсус барои "Блогистон" навишта шудаанд, ховаршиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота Адиб Холид, як маълумоти умумӣ дар бораи ҳаракати ҷадидияи Осиёи Марказӣ дода, муносибати пайравони онро ба мафҳумҳои "миллат" ва "ватан" баён дошт. Акнун дар бахши саввум, муаллиф муносибати ҷадидҳоро ба Ислом ба баррасӣ гирифтааст. Ҷолиб аст, ки ӯ дар бисёр маврид байни андешаи ҷадидон ва салафиҳои имрӯза монандиҳоеро дида ва сабаби онро шарҳ додааст.

Ҷадидон ва ислом

Адиб Холид

Ҷадидия ҳамчун як ҷунбиши ислоҳоти исломӣ оғоз шуда буд ва Ислом ҳамоно дар маркази он монд. Аксар ҷадидони давраи аввал худ аз зумраи уламо буданд ва баҳравар аз таҳсили суннатии ислом. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – муфтӣ, Садриддин Айнӣ – мударрис, Мунаввар-қорӣ Абдурашидхон оғлӣ, Абдурауф Фитрат, Абдулқодир Шакурӣ (ва дигарон) ҳама таҳсилкардаи мадрасаҳои Бухоро ва ҷойҳои дигар буданд.

Аммо чизе, ки онҳоро ҷадид сохт, дарки он буд, ки мардуми Осиёи Миёна пайванди худро аз Исломи воқеӣ кандаанд ва бо ин иҷоза додаанд, ки имонашон хароб шавад. Воқеан, ҷадидон "пасрафт" ва "тахриби" ҷомеаашон ва ҳадафи истеъмор шудани онро ба берунравӣ аз роҳи ҳақиқии ислом нисбат медоданд. Исломи воқеӣ садди роҳи пешрафт набуд, балки баръакс, ба мусалмонон дастур медод, ки дониши дунявӣ гиранд ва ба пешрафт ноил гарданд.

Ҷадидон дар паёмҳояшон исрор мекарданд, ки мусулмонон дар замоне ки ба Исломи ҳақиқӣ пайравӣ мекарданд, дар илму дониш пешқадам ва дар сиёсат абарқудрати ҷаҳон буданд. Дар асл, фасоди имон буд, ки онҳоро ба ҷаҳолат ва заъфи сиёсиву низомӣ расонд. Яъне ҳалли ин масоил аз диди ҷадидон бозгашт ба "Исломи ҳақиқӣ" буд.

Ва аммо, ба гуфти ҷадидҳо, ҷомеаи онҳо аз имони ҳақиқӣ дур буд. Урфу одатҳои зиёди меросмонда аз ниёгон, фосид шуда буданд ва аксари онҳо унсурҳое доштанд, ки ба Ислом ҳеч пайванде надоштанд. Ҷадидон феҳристи дарози масъалаҳои ислоҳталабро ҷамъ карда буданд.

Шояд шадидтарин танқидро ҷадидон ба зиёрати мазорҳо ва дархости шафоат аз авлиёи дар он ҷо дафншуда равона карда буданд. Онҳо парастиши авлиёро як навъи ширк ва бутпарастӣ медонистанд. Дар қиссаи машҳури Фитрат "Баёноти Сайёҳи Ҳинд" як ҷаҳонгаштаи мусулмони ҳинду ҳангоми зиёрати қабри Баҳоуддини Нақшбанд аз он чизе, ки дар он ҷо мебинад, нороҳат мешавад.

Зоирон осори муқаддас, аз қабили шохҳои қӯчқор ва сутуни парчами мазорро бӯсида, ба муқаддасоти дафншуда дуо мегуфтанд. Мусофир сахт ҳайратзада буд: "Чӣ қадар шоёни ҳайрат аст, ки шумо дигаронро ба иллати бутпарастӣ ва саҷдаи салиб кофир медонед ва худатон (ҳам) ба чӯби алами мазорҳо саҷда оварда, ҳоҷати худро аз Баҳоуддин мехоҳед ва боз худро мусулмон ҳам медонед."

Ҷадидҳо аксар корҳои сӯфиёнро низ сахт танқид мекарданд. Барои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ суннатҳои марбут ба тасаввуф, монанди хонақоҳнишинӣ, муридигарӣ ва ҳама шаклҳои сӯфигарӣ сафсатта ва хурофот буданд, ки паёми аслии Исломро мубҳам карда, мусулмононро дар торикии ҷаҳолат нигоҳ медоштанд. Бачабозӣ як мавзӯи дигари танқид буд. Ва ниҳоят, ҷадидон анъана (туй)-ҳои суннатии ҷашни таваллуд, тӯйи арӯсӣ, хатнатӯй ва оинҳои дафну пас аз марги инсонро ҳамчун исрофи соф таҳти танқид гирифта буданд.

Сабаби вуҷуд доштани ин чизҳоро ҷадидҳо дар мактабу мадрасаи, ба гуфти онҳо, фасодзада медиданд. Мактабҳо на танҳо бесамар буданд, балки аз ашъори тасаввуфе истифода мекарданд, ки кӯдакон онро дарк карда наметавонистанд (ва бинобар ин бефоида буданд), дар ҳоле ки "дар мадрасаҳои мо илмҳои дунявӣ як тараф истад, ақаллан илмҳои асили динӣ – тафсир ва ҳадис ҳам таълим дода намешаванд."

Аз нигоҳи ҷадидҳо, ин фасоди Ислом сабаби ақибмонии Осиёи Марказӣ ва забти он аз ҷониби русҳо шуда буд. Чӣ тавре ки Мунаввар-қорӣ боре навишта буд: "Бино бар амалҳои зинокорӣ, қиморбозӣ, бачабозӣ, базму зиёфат ... шикояту ғайбат, ҳақорати якдигар ва амали ҳароми ба ин монанд, ҳоли мулку мамлакатамон тағйир ёфт ва асиру хору залил гаштем."

Ба назари ҷадидон, ҷавобҳои саҳеҳро метавон аз Қуръон ва ҳадис гирифт – танҳо агар онҳоро дуруст таълим медоданд, на ба тариқи омӯзиш дар мадрасаҳо, ки дар он ҷо тафсирҳо (ҳошия)-ро танҳо аз матнҳои шариат истифода мекарданд. Барои ҷадидон баргашти мустақим ба Қуръон ва ҳадис барои ҳидоят хеле муҳим буд. Барои Фитрат, Қуръон дастури наҷотбахш буд. Фитрат тавассути иқтибос аз Қуръон (ба забони арабӣ) дар китобе бо ин ном дастуреро барои зиндагии ростин омода карда буд. Вай инчунин китоберо бо номи "Оила" навишт. Ин китоб ҳам, ки дар он Фитрат диди худро дар бораи зиндагии хонаводагӣ матраҳ карда буд, ба иқтибосҳо аз Қуръон асос ёфтааст.

Додгоҳҳои исломӣ дар давраи ҳокимияти подшоҳии Русия ҳам фаъол буданд, ва дар онҳо қозиён бо ончӣ худашон аз Ислому шариат мефаҳмиданд, ҳукм мебароварданд. Ҷадидҳо мехостанд, ин додгоҳҳоро ҳам ислоҳ кунанд, то шариат тавассути ашхоси аз замона хабардор ва мувофиқи талаботи замона тафсиру таъриф карда шавад. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ин ақидаро ҳанӯз соли 1906 баён дошта буд. Дар соли 1917 он ба яке аз нуктаҳои меҳварии барномаи Ҷадидия табдил ёфт.

Дар ҳамаи ин масъалаҳо ҷадидон ҳамсафу ҳамандеши ҳаракатҳои васеи ислоҳталабӣ дар саросари ҷаҳони Ислом буданд, зеро рӯшанфикрон ба суолҳое посух меҷустанд, ки замони истеъморӣ пеш гузошта буд. Вале ҷадидон ҳамоно ба зиддияти бархе аз мусулмонон дучор мешуданд. Бавижа онҳое, ки ё ниёз ба ислоҳотро дарк намекарданд ё танқиди урфу одатҳои суннатиро намепазируфтанд.

Ин мунозира аксар вақт тезутунд буд ва дар байни ислоҳталабону мухолифони онҳо ҷанҷоли сахт сурат мегирифт. Ва аммо ин мунозира баҳсе миёни "дунявиён" ва "исломгароён" набуд. Чун ҳарду ҷониб барои далелу истидлол ба Ислом рӯ меоварданд. Баръакс, баҳс дар бораи тафсири гуногун аз Ислом буд: Ислом чист, киҳо салоҳияти тафсиру таъини онро доранд ва дар ниҳоят, мусулмон будан ба чӣ маъност?

Ин баҳс ҳанӯз ҳам давом дорад, ҳатто агар шароити имрӯза аз он замон пурра фарқ мекунад. Барои ҷадидҳо ҳеч зиддияте дар байни шаҳрванди ҷаҳони муосир, аъзои як миллат ва ё мусулмон будан вуҷуд надошт, ба шарте ки ин шахс Исломро дуруст мефаҳмида бошад.

Нигоҳи танқидии онҳо ба расму оини суннатгароёна ва хурофотӣ, даъвати онҳо ба бозгашти бевосита бар Қуръону ҳадис, маҳкум кардани исроф дар ҷашну маросим ва шадидан мухолиф будан ба зиёрати мазорҳо бахше аз талаботи ислоҳталабони ҷунбишҳои мухталифи ҷаҳони Ислом буд. Имрӯз баъзе аз ин ақидаҳои ҷадидон ба қисме аз мавзеъгириҳои "ваҳҳобиён" монанданд.

Фарқ ин аст, ки барои онҳо Исломи ислоҳшуда бо дастёбӣ ба пешрафт дар дунёи муосир ва ҳам бо мафҳуми миллат зид набуда, баръакс, созгор буд. Назари онҳо дар бораи оштӣ додани дин ва миллат то ҳол арзиши худро гум накардааст, зеро давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ ва шаҳрвандонашон дар ҳоли муайян кардани ҷой ва мавқеи худро дар ҷаҳони имрӯзанд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG