Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони нуқраи паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо дар Қазоқистон


Суннатулло Лоиқов, паҳлавони тоҷик.
Суннатулло Лоиқов, паҳлавони тоҷик.

Суннатулло Лоиқов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни навҷавонон оид ба ҷудо (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021), ки рӯзҳои 14-16-уми май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Маҷмааи варзишии ба номи Балуан Шолак доир гардид, беш аз 150 варзишгар аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон - ширкат варзиданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил буд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Қурбоналӣ Бозоров (-73 кг), Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг), Суннатулло Лоиқов (-81 кг), Ҳайдаралӣ Шоев (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг).

Аз миёни онҳо танҳо Суннатулло Лоиқов медал ба даст овард. Вай дар вазни то 81 кило дар даври аввал Бекзот Таугалиеви қазоқро мағлуб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон – Ботирхон Сакенов - пирӯз гашт. Дар даври ниманиҳоӣ Абдулло Ҷалолиддинови қирғизро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Лоиқов дар мубориза барои нишони тиллои мусобиқа аз қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 Аян Бойғозӣ аз Қазоқистон ноком шуд ва дар натиҷа барандаи медали нуқра гардид.

Ҳамзамон рӯзҳои 14-16-уми май дар Алмаато Ҷоми Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо (Cadet Asian Judo Cup Almaty 2021) доир гардид. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 5 варзишгар - 4 писар: Самиршо Муҳаббатов (-60 кг), Акбарҷон Ниёззода (-60 кг), Бахтиёр Ғафуров (-73 кг), Муҳаммадҷон Афғонов (-90 кг) ва як духтар – Меҳронаи Маҳмадзода (-57 кг) - намояндагӣ карда, аз медалҳо бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG