Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд.
Онҳо барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер" чипта харидаанд.
Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби банд мондани мусофирон дар он аст, ки Оҷонсии авиатсияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст.
Масъулони ин Оҷонсӣ ба тамосҳои телефонии Радиои Озодӣ посух надоданд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ин ширкат бо ҳавопаймоҳои бузурге мусофир бурданист, ки ба талаботи фурудгоҳҳои Тоҷикистон мувофиқ нестанд.
Мироҷ Азизов гуфт, ки онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор парвоз анҷом доданд, вале рӯзи 12-уми май дигар иҷозаи парвоз надоданд.
Ӯ гуфт, ки давоми як моҳи ахир ба беш аз ду ҳазор нафар чиптаи парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русияро фурӯхтанд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG