Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаконе, ки аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Мақомот надоданд ё оилаҳо напурсиданд?


84 кӯдаку навраси тоҷикро моҳи апрели соли 2019 аз Бағдод ба Душанбе оварданд
84 кӯдаку навраси тоҷикро моҳи апрели соли 2019 аз Бағдод ба Душанбе оварданд

Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки бо гузашти ду сол аз бозгардондани кӯдакону наврасон аз Ироқ, ҳанӯз наздикон барои ба тарбияи худ гирифтани онҳо муроҷиат накардаанд.

Қаблан бобову бибии баъзе аз кӯдакон кӯшиш доштанд, ки онҳоро бо худ бигиранд ва, баръакс, аз бархӯрди мақомот нигарон буданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ба оилаҳо додани кӯдакон барои ҳарчи зуд ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани онҳо мадад мекунад.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Омбудсмени кӯдак, рӯзи 4-уми феврал гуфт, кӯдакону наврасонеро, ки соли 2019 аз Ироқ ба ватан оварданд, пурра ба таҳсил фаро гирифтанд. Вай иддао кард, ки "то ҳанӯз касе аз пайвандон барои гирифтани кӯдакон муроҷиат накард".

"Набераҳоямро дидам, гуфтанд, моҳи апрел мегиред"

Сабзагул Камолова
Сабзагул Камолова

Панҷ набераи Сабзагул Камоловаро ду сол пеш аз Ироқ ба Душанбе оварданд. Ҳоло онҳо таҳти назари мақомот ҳастанд. Набераи бузурги ӯ 11 сол ва хурдтаринаш 2 сол дорад. Зӯҳро Хоҷаева, духтари Сабзагул, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Бағдод нигаҳдорӣ мешавад.

Камолова рӯзи 8-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат чанд дафъа набераҳояшро дид, аммо мақомот ваъда додаанд, ки моҳи апрели имсол метавонад онҳоро бигирад.

"Ҳама мехоҳад, ки кӯдаконро гиранд. Мо низ чанд бор муроҷиат кардем. Ба фикрам, барои бемории ҳамагир кӯдаконро надоданд. Худашон хуб нигоҳубин карда истодаанд. Набераи калониамро, ки дар Қубодиён мехонад, надидам, вале аз ҳоли чаҳор кӯдаки дигар доимӣ хабар мегирем", -- гуфт ӯ.

Тобистони соли гузашта Ҳамза Тӯрабеков, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мақомот ду набераи ӯро низ аз Ироқ оварданд, аммо ба дархостҳояш барои гирифтани кӯдакон посухи дақиқ намедиҳанд.

"Ҳоло омӯзиши кӯдакон ва оилаҳо идома дорад"

Моҳи апрели имсол аз овардани 84 кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқ ду сол пур мешавад. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, гуфт, онҳо дар мактаб-интернат ва муассисаҳои дигари вобаста ба кӯдакон қарор доранд. "Ҳоло санҷиши онҳо ва омӯзиши вазъи оилаҳо идома дорад. Додани кудаконро ба хонаводаҳо вақт нишон медиҳад", -- афзуд ӯ.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон

Охири соли гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки занону кӯдакони тоҷикро барои бозгардондан аз Сурия низ номнавис мекунанд.

Қаблан Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия дода буд, барои ҳарчӣ зуд мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳоро ба наздиконашон бидиҳанд.

ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид чанд моҳ пеш ба номаи Радиои Озодӣ посух дод, ки "суръати баргардондани кӯдакон ба муҳити оилавӣ имконияти онҳоро барои аз нав сохтани зиндагӣ ва ояндаи хуб ... зиёд менамояд".

Кӯдакон, ҷангҷӯён ва ДОИШ

Баъзеи кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ҳамчун ҷангҷӯйи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд.

Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДОИШ-ро барои “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистиву кумак ба террорист” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Пештар гуфта мешуд, 43 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ ҳастанд.

Бино ба омори расмӣ аз соли 2014 баъди зуҳури ДОИШ ва ишғол шудани қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундраву террористӣ дар ин ду кишвар пайвастанд.

Орифҷон Содиқов, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, моҳи декабри соли 2020 дар мақолае навишт, ки бештар аз 500 нафар аз шаҳрванди кишвар дар ҷангҳо барои ДОИШ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG