Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Панҷ барои афсари муттаҳам дар марги милиса 5-сол зиндон хост


Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милиса, ки моҳи феврал фавтид
Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милиса, ки моҳи феврал фавтид

Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро ба 5 соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар марги ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, афсари милисае, гунаҳкор дониста мешавад, ки рузи 7-уми феврал дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Мақомот гуфтанд, Насим Амирзода аз рӯи иттиҳоми "куштор аз беэҳтиётӣ" дар додгоҳ посух мегӯяд. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.

Як манбаъ аз додгоҳ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 7-уми май зери раҳбарии додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода баргузор шуд. “Дар ин мурофиа вакилони дифои ҳарду ҷониб баромад карда додситон барои Насим Амирзода аз додгоҳ панҷ соли зиндон талаб кард”,--гуфт ҳамсуҳбати мо. Манбаъ гуфт, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафт ва қарори ниҳоиро ҳафтаи оянда содир хоҳад кард.


Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд “ба одилона сурат гирифтани мурофиаи додгоҳӣ бовар доранд”. Аммо пайвандони Насим Амирзода аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва гуфтанд, “ҳамагуна маълумотро аз додгоҳ пурсед”.

Меҳроншо Ҷумъаев 7 -моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт. Ҳалокати кормандони милиса аз беэҳтиётии ҳамкорон кам ба назар мерасад, аммо чунин ҳолат дар миёни сарбозон бештар аст. Се сол пеш Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG