Тоҷикистон намояндагии созмони байналмилалии “Saferworld” (“Дунёи бехатар”)-ро пас аз ҳафт соли фаъолият барои гӯиё риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон барҳам дод. Намояндагони ин созмон ба даъвои Вазорати адлия ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 3-уми май дар сомонааш хабар дод, ки даъвои Вазорати адлия нисбат ба намояндагии созмони ғайритиҷоратии байналмилалии “Сейферворлд” дар Тоҷикистон дар бораи барҳам додани созмон, қонеъ карда шуд.
Мақомот: Созмон 4 банди қонунро нақз кардааст
Дар ин хабар гуфта мешавад, ки суратҳисоби бонкии “Saferworld” дар Тоҷикистон баста шуда, ҳамагуна амалиётҳои ин созмон дар қаламрави кишвар манъ аст.
Як намояндаи Вазорати адлия бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ташкилоти “Сейферворлд” дар муддати фаъолияти худ чаҳор банди қонуни Тоҷикистонро нақз кард ва ба ҳамин хотир барои барҳам доданаш ба суд муроҷиат кардаанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, бархе аз банду фаслҳои Кодекси андоз, қонуни забон ва қонун дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Аммо намояндагии созмони “Сейферворлд” дар Тоҷикистон далелҳои худро дар мавриди нақз накардани қонунҳои Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод кардааст, вале додгоҳ аз мавқеи Вазорати адлия ҳимоят намуд.
Хирад Каргасов, намояндаи созмони “Saferworld” дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло созмони онҳо фаъолият надорад.
Ӯ гуфт, бар асоси шикояти Вазорати адлия созмони “Saferworld” ҳақ надоштааст, ки дар доираи тарҳи алоҳида масъалаи зӯроварии занон дар хонаводаҳоро ба роҳ монанд.
“Мо дар ибтидо бо Вазорати корҳои дохилӣ мувофиқа кардем ва дар чаҳорчубаи ин машварат тарҳи мазкурро, ки як масъалаи ҷиддӣ дар ҷомеъа мебошад, хостем ба нишони кӯмаку пуштибонӣ ва ба даст овардани роҳҳали ин масъала дар хонаводаҳои тоҷик рӯи даст гирем”, --гуфт Хирад Каргасов.
Вазорати адлия аз чӣ норозӣ буд?
Ба қавли Хирад Каргасов, Вазорат дар мавриди нақзи қонуни забон шикоят пеш овард, ки созмон ҳангоми навиштани номаву тарҳҳо аз забони русиву англисӣ истифода кардааст.
Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, эродҳо хурд буданд ва имкони ислоҳашон вуҷуд дошт. “Мо ба қароргоҳи асосиамон дар Лондон машварат кардем. Ҳоло тасимим гирифтем, ки ҳеҷ гуна амал ва тарҳу фаъолияте дар қаламрави Тоҷикистон анҷом надиҳем”,--гуфт ӯ.
“Saferworld” аз соли 2015 амалан дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар он ҳудуди 70 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Тавре як намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, созмони мазкур дар роҳи ислоҳи милитсияи тоҷик бо тарҳҳои худ саҳми муҳим дошт.
Созмоне, ки бо ВКД ҳамкорӣ дошт
Ба гуфтаи ӯ, "аз моҳи феврали соли 2016 дар доираи тарҳи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" ҷиҳати амалӣ намудани "Стратегия ва барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014– 2020" чорабиниҳо баргузор кардааст".
Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирӣ кардани зӯроварӣ дар оила, таъмини амният ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мардум бо “Saferworld” ("Дунёи бехатар") ҳамкорӣ кардааст.
Ин манбаъ мегӯяд, шурӯъ аз соли 2017 “Saferworld” ("Дунёи бехатар") оид ба ислоҳоти милитсия дар Норак, Ҳамадон, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Рашт, Исфара, Ишкошим ва Кӯлоб ҳамкорӣ намудааст.
Созмони мазкур дар сомонаи худ навиштааст, ки тарҳҳои дигареро барои бештар намудани саҳми занон дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши зуроварӣ ба занон дар ҷомеъа рӯи даст гирифта буд.
Ин созмон навиштааст, аз тариқи дафтарҳояш дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон дар соли 2010 ҳамкориро шурӯъ намуд ва дар соли 2015 расман фаъолияти худро дар дохили кишвар ба роҳ мондааст.