Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, хонаҳои сокинони деҳоти наздимарзиро, ки бар асари муноқиша бо Қирғизистон вайрон шуданд, дар муддати як моҳ барқарор мекунад. Дар ин бора рӯзи 3-юми май дар як ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти вилояти Суғд хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, “хонаҳои афроде, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъмир мешавад.” Айни замон, ба гуфтаи ӯ, “аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кумакҳои моливу пулӣ дода мешавад.” Раиси вилояти Суғд ва на мақомоти дигари Тоҷикистон дар бораи хисороти муноқиша дар марз, захмиён ва ҳалокшудагон чизе нагуфтаанд.
Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гуфтааст, “шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра вайрон шудааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.”
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳануз доир ба хонаву иншооти вайроншудаи мардуми деҳоти марзӣ хабари расмие нашр накардаанд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҳузури сокинони Мақсати ноҳияи Лайлаки он кишвар гуфт, "барои мардумамон худамон хона месозем. Вай ваъда дод, ки хонаҳои тахрибшуда то тирамоҳ барқарор мешаванд.
Бар асари муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар байни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистону Лайлаки Қирғизистон сар зад, даҳҳо хонаву иншооти иҷтимоӣ вайрон шудааст. Аз ҳарду тараф беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва беш аз 50 кас ҷон додаанд.