Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Сайидмӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев
Сайидмӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд

Суҳбати дуввуми роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар телефонӣ суҳбат карда, вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ҷараёни амалӣ шудани созишҳои ҳосилшуда барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадиро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар суҳбати раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон “ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.”

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бори дигар таъкид кардаанд, ки ҳамаи техникаҳои низомии ҳарду тараф бояд аз минтақаи марзӣ гирифта шавад.

"Роҳбарони ду кишвар созиш карданд, ки барои назорати берун бурдани техникаҳо аз хатти марз, комиссияи дуҷониба аз тарафи Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил карда шавад,"-омадааст дар хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.

Аз замони оғози муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин бори дуввум аст, ки роҳбарони ду кишвар бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд. Раҳмон ва Ҷабборов шоми дирӯз 30-юми апрел ҳам гуфтугӯ карда буданд.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле ба масъалаи оташбас “таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд”, ки тибқи хабарҳои расида, бо вуҷуди оташбас дар минтақаҳои наздимарзӣ садои тир шунида мешавад.

Мақомоти қирғиз аз тирпарронии нав дар марз гуфтанд. Тоҷикистон рад кард

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки соати 12:45-и рӯзи якуми май низомиёни тоҷик ба сӯйи манзилҳои зисти сокинон дар ноҳияи Арка Лайлак тир паррондаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ин хабарро дурӯғ хонд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки сокинони деҳоти назди марзиро аз маҳали зисташон берун кардаанд ва касе зиён надидааст.

Арка Лайлак дар наздикии марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир аст.

Акбар Юсуфӣ, раиси дастгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабар асос надорад.

“Ман худам дар ҳамин мавзеъ ҳастам. Ин гапҳо дурӯғ аст ва ягон садои тир шунида ҳам нашудааст. Роҳҳо ҳам боз ҳастанд ва ҳеҷ монеа барои рафтуомад нест.”,--гуфт ӯ.

Ӯ ҳамзамон хабари мақомоти қирғиз дар робита ба баста будани роҳи Ош-Исфана дар қитъаи роҳи Торт-Кочоро низ рад кард. Ба гуфати ӯ, роҳ боз аст ва барои ҳаракат ҳеҷ мушкил дида намешавад.

Зиманан, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Исфара садои тир шунида мешавад. Ин тирпарронӣ соати 12:55 шуруъ шудааст. Дақиқ нест, ки ин тирпарронӣ аз кадом тараф аст.

Тоҷикистон хабари забт шудани дидбонгоҳи "Хоҷаи Аъло"-ро рад кард

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон хабари мақомоти Қирғизистон дар бораи забти дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-ро бардуруғ хонд. Мақомоти Қирғизистон пештар гуфтанд, дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 29-уми апрел неруҳои вижаи “Бору” дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-ро ба даст овардаанд.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонӣ нимашаби 30-юми апрел бо нашри баёнияе гуфт, хабари забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло” “маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки характери иғвоангезона дорад.”

Ҷониби Қирғизистон ба ин хабар ҳанӯз вокуниш накардааст. Аммо рӯзи 29-уми апрел Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тарафи постгоҳҳои сарҳадии “Капчигай”, “Мин-Булак”, “Достук” оташ кушоданд. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, дар натиҷа бинои постгоҳи “Достук” оташ гирифт. Хадамоти марзбонии Қирғизистон он вақт хабар дода буд, ки неруҳои вижаи марзбонии ин кишвар “Бору” дар посух ба амалкарди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-ро забт карданд.

Феълан дақиқ нест, ки ду рӯз қабл дар дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло” чӣ гузашта буд. Идораи марзбонии Қирғизистон, ки аз забти дидбонгоҳ хабар дод, ҳеч аксу наворе нашр накардааст. Ҳамчунин маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон чаро бо гузашти ду рӯз ин хабарро рад мекунанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҳаракати техникаҳои низомӣ дар марз хабар дод

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар марз миёни Тоҷикистон дар ҳолати маъмулӣ қарор надорад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, соати 11.30 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати техникаҳои низомӣ ба самти марзи Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардаанд ва маълум нест, то куҷо ин иддао ҳақиқат дорад.

Мақомоти қирғиз хабар додаанд, ки шаби гузашта ягон ҳолати тирпарронӣ ё нақзи оташбас дар марз сабт нашудааст.

Ба гуфтаи онҳо, роҳ ба самти Ош-Баткент-Исфана дар қитъаи роҳи Торт-Кочо аз ҷониби Тоҷикистон баста аст ва роҳи Исфара-Ворух боз аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG