Қирғизистон ду рӯз мотами миллӣ эълон кард
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба хотири қурбониёни муноқишаи ахир дар марз рӯзҳои 1-2 майро мотами миллӣ эълон кард. Дар муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Бар асоси қарори Содир Ҷабборов дар рӯзҳои мотами миллӣ, дар Қирғизистон ва намояндагиҳои дипломатии он дар хориҷа парчами ин кишвар пойин оварда мешавад. Ҳамчунин ба телевизион ва радиоҳо пешниҳод шудааст, ки дар рӯзҳои 1-2 май барномаҳои тафреҳӣ намоиш надиҳанд.
Ба ҷуз аз эълони мотами миллӣ, кормандони чандин сохторҳои Қирғизистон маоши якрӯзаи худро барои кумак ба осебдидагони муноқиша доданд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар низои ахир дар марз бо Тоҷикистон, 31 шаҳрванди қирғиз кушта ва 154 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти тоҷик теъдоди маҷруҳон ва кушташудаҳоро расман эълон накарданд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ то ин дам номи 12 қурбонии муноқишаи ахир аз Тоҷикистонро маълум кард. Хабаргузории "Азия-Плюс" теъдоди маҷруҳон аз Тоҷикистонро беш аз 90 нафар навишт
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Ҳайатҳои ду кишвар бегоҳи 30-юми апрел эълон карданд, ки неруҳои иловагиро аз минтақаи марзӣ берун оварда, равуои сокинонро ба роҳ мемонанд. Дар назар аст, ки имрӯз 1-уми май гуфтугӯи мақомоти тоҷику қирғиз бар сари масъалаи марз идома кунад.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вокуниши кишварҳои минтақа рӯ ба рӯ шудааст. То ин дам Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Узбекистон, Эрон, Қазоқистон ва Русия тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кардаанд.