Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар масҷидҳои Тоҷикистон барои субот дар марз бо Қирғизистон дуо карданд. ВИДЕО


Мусулмонони Тоҷикистон барои субот дар марз бо Қирғизистон дуо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Дар масҷидҳои Тоҷикистон барои сиҳҳатии сарбозону сокинони захмӣ ва субот дар марз бо Қирғизистон дуои дастҷамъӣ карданд. Ин маросим пеш аз хондани намози ҷумъа, рӯзи 30-юми апрел, баргузор шуд.

Дар муноқишаҳои 28 ва 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди захмиёну ҳалокшудаҳоро ошкор намекунанд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 12 қурбонии муноқишаро маълум кард.

Маҳмуд Сангалиев, корманди Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз баргузории дуои дастҷамъӣ "барои оромии марзу буми кишвар ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои ҳамсоя" анҷом дода шуд.

Баъд аз анҷоми намоз чанде аз сокинон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ муноқишаи охирро дар марз маҳкум ва тарафҳоро дар моҳи Рамазон ба созиш даъват карданд. Шоми 30-юми апрел ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки барои берун баровардани нерӯҳову техникаҳои ҳарбӣ аз минтақаҳои наздимарзӣ ва кушодани роҳҳо мувофиқа карданд.

Бурҳон Шодиев, сокини ноҳияи Файзобод, гуфт: "Набояд дар ҳамсоядорӣ чунин ҳодиса рух диҳад, ин ҳам дар моҳи шарифи Рамазон. Мо ҳам умед дорем, ки ин дуоҳо қабул шуда, вазъ ором гардад."

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро барои шурӯи муноқиша ва хушунат дар марз муттаҳам мекунанд.

Пас аз ду рӯзи муноқишаи хунин дар сарҳади миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, вазъ ҳоло ором, вале айни замон мураккаб аст. Рӯзи 1-уми май ҷаласаи Комиссияи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG