Раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд, гуфт, ҳоло вазъи саломатиаш муътадил аст, вале намедонад кай ба кор бармегардад.
Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Вай ба суоли Радиои Озодӣ, ки дар чӣ шароит захмӣ шуд, гуфт, "дар назди Маркази тақсими об ба китфаш тир зад".
Навбатдори ҳукумати Исфара бегоҳи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзода "субҳи 29-уми апрел барои ҳалли сулҳомези баҳси тақсими об ба Хоҷаи Аъло, наздикии Маркази обтақсимкунии "Головной" рафта буд."
Баҳоваддин Баҳодурзода 45-сола буда, соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ чанд сол мушовири Раёсати адлияи вилояти Суғд буда, тайи шаш сол дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор кардааст.