Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳоваддин Баҳодурзода дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст


Баҳоваддин Баҳодурзода
Баҳоваддин Баҳодурзода

Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст.

Навбатдори ҳукумати Исфара бегоҳи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Баҳодурзода аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шуда, ҳоло дар яке аз бемористонҳои Хуҷанд бистарист. Ӯ афзуд, “раиси шаҳр субҳи 29-уми апрел барои ҳалли сулҳомези баҳси тақсими об ба Хоҷаи Аъло, наздикии Маркази обтақсимкунии "Головной" рафта буд.”

Ба гуфтаи навбатдори ҳукумати Исфара, Баҳодурзода дар ҳамин мавзеъ тир хӯрдааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз ин бештар ҷузъиётро намедонад.

Дар ҳамин ҳол, ду ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух тир хӯрдани Баҳоваддин Баҳодурзодаро тасдиқ намуда, гуфтанд, раиси шаҳр барои музокирот бо раиси шаҳри Бодканд ба назди дарғот рафта буд.

Ба қавли шоҳидон, "замоне ки ӯ бо сокинон суҳбат мекард ва ҳамтои қирғизи худро мунтазир буд, аз ҷониби деҳаи Куктош тир кушода шуд ва ӯ захмӣ гашт."

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард.
Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Аз ду тараф захмиён ҳастанд. Пизишкон гуфтанд, баъзе аз онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти яке аз захмиён хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.
Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
XS
SM
MD
LG