Маскав гуфтааст, аз созиши шаби 30-юми апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки хатми бархурди низомӣ ва ба ҷойи аввал бозгардондани нерӯҳоро дар назар дорад, истиқбол мекунад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, Маскав аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват мекунад, бо роҳи музокирот ба созишҳои устувор ва дарозмуддат даст ёбанд, то минбаъд чунин ҳодиса такрор нашавад.
Захарова афзуд, Маскав "аз тасмими Душанбе ва Бишкек дар мавриди ташкили Гуруҳи муштараки корӣ, ки бояд вазъро дар минтақаи марзӣ назорат кунад ва маъракаи таблиғотиро бо мардум ба роҳ монад, пуштибонӣ мекунад."
Ба гуфтаи ӯ, Русия бо изтироб ташаннуҷи якбораи вазъ дар минтақаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистонро назорат дошт.
"Мутаассифона, дар натиҷаи бархурди низомӣ, одамон қурбон шуданд, аз ҳар ду ҷониб шумори осебдидагон зиёданд. Ҳоло вазъ муътадил шуд, аммо ташаннуҷ ҳанӯз боқӣ мемонад. Ба наздикону пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён мекунем, ба захмиён шифои зудрас орзумандем", -- гуфтааст Захарова.
Дар идомаи изҳороти сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ки Маскав омодааст, барои ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи сиёсиву дипломатӣ ҳамаҷониба мусоидат кунад.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об дар марзи Исфара ва Бодканд шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 11 нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтанд. Радиои Озодӣ номи 8 қурбониро дар муноқишаи марзӣ маълум кард.