Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД хостори қатъи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шуд


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. 30 апрел, 2021.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. 30 апрел, 2021.

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) задухурди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро шарҳ дод.

"Дар СПАД бар инанд, ки низоъ бояд қатъ карда шавад. Онро бояд аз роҳи осоишта ҳал кард. Барои ҳалли ин низоъ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад", - иқтибос овардааст сухангӯи дабири кулли СПАД Владимир Зайнетдинов аз суханони Зас.

Ба гуфтаи ӯ, дабири кулли СПАД дар ҷараёни сафараш ба Душанбе вазъи ба вуҷуд омадаро бо котибони шӯроҳои амнияти Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ карда буд. Дар Душанбе 29-уми апрел ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СПАД ва 27 апрел ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои созмон баргузор шуд.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки бо ташаббуси Русия амал мекунад, як ташкилоти низомию сиёсӣ аст. Ба ҷуз аз Русия ва Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам узви СПАД ҳастанд. Аъзои СПАД вазифадор ҳастанд, ки тамомияти арзӣ ва истиқлоли аъзои дигари созмонро ҳимоят кунанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG