Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, "як захмӣ даргузашт"
Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 17 шаҳрванди ин кишвар захмӣ шуда, як нафар ҷон бохтааст. Дар иттилоияи вазорат гуфта шудааст, "танҳо ба бемористони вилоятии Бодканд 7 нафарро бо захми силоҳ бистарӣ карданд."
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Исфара, дар марз захмӣ шудааст
Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст.
Навбатдори ҳукумати Исфара бегоҳи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Баҳодурзода аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шуда, ҳоло дар яке аз бемористонҳои Хуҷанд бистарист. Ӯ афзуд, “раиси шаҳр субҳи 29-уми апрел барои ҳалли сулҳомези баҳси тақсими об ба Хоҷаи Аъло, наздикии Маркази обтақсимкунии "Головной" рафта буд.”
Ба гуфтаи навбатдори ҳукумати Исфара, Баҳодурзода дар ҳамин мавзеъ тир хӯрдааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз ин бештар ҷузъиётро намедонад.
Дар ҳамин ҳол, ду ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух тир хӯрдани Баҳоваддин Баҳодурзодаро тасдиқ намуда, гуфтанд, раиси шаҳр барои музокирот бо раиси шаҳри Бодканд ба назди дарғот рафта буд.
Ба қавли шоҳидон, "замоне ки ӯ бо сокинон суҳбат мекард ва ҳамтои қирғизи худро мунтазир буд, аз ҷониби деҳаи Куктош тир кушода шуд ва ӯ захмӣ гашт."
Вазъ дар бахши дигаре аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон тезутунд шудааст
Ба маълумоти Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар қитъаи дигаре аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон тирандозиҳо сар шудаанд.
Маълум нест, кадом тараф ҳамларо оғоз кардааст.
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев рӯзи 29-уми апрел, соати 18:50, ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ дар деҳаҳои Кулунду ва Мақсат рух додаанд. Чанде пеш чархболҳои тоҷикро дар болои деҳаҳои Кок-Тош ва Самарқандаки минтақаи Бодканд мушоҳида карданд.
Абдувоҳид, як сокини ҷамоати Хистеварз (Овчӣ-Қалъача), ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз садои тирпарронӣ шунида мешавад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, аз хонаҳое, ки дар сари роҳи марзӣ ҳастанд, занону кӯдаконро ба дарунтари деҳа мебаранд.
Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон. Душанбе гуфт, низоми оташбасро пурра риоя мекунад
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба вазъ дар сарҳад гуфтугӯ кардаанд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мулоқот “бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон баргузор гардид."
Ба иттилои манбаъ, “ҷонибҳо зарурати ҳал кардани қазияи мазкурро бо роҳи дипломатӣ - сиёсӣ зикр намуданд. Инчунин, бо супориши раҳбарияти Тоҷикистон низоми оташбас аз ҷониби Тоҷикистон пурра риоя гардида истодааст ва дар наздиктари фурсат дар шаҳри Исфара музокироти байни мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад".