Як посгоҳи марзии Қирғизистон оташ гирифтааст
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки 29-уми апрел посгоҳи марзбонии Туркул дар сарҳади Тоҷикистон аз зарбаи хумпора ё миномети нерӯҳои Тоҷикистон оташ гирифтааст.
Ин хабарро ҳамчунин намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар минтақа Омурбек Суваналиев тасдиқ кардааст. Вай афзудааст, ба минтақа нерӯҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Бино бар маълумоти баъзе аз манбаъҳо, Тоҷикистон низ ба минтақаи низоъ нерӯҳои нав ворид мекунад.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ҳамчунин, посгоҳҳои марзии Капчигай, Мин-Булақ, Достук, Кожогар ва Булак-Башии Қирғизистон ҳадафи зарбаҳои хумпора ё минометҳои нерӯҳои Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
То соати 8-и бегоҳ ба вақти маҳаллӣ, дар натиҷаи муноқиша дар марз 31 шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шудаанд. Яке аз онҳо аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон додааст, яке табобати амбулаторӣ мегирад. 29 захмии боқимонда дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст. Тарафи Тоҷикистон дар бораи талафот ҳеч хабаре нашр намекунад.
Бино бар маълумоти дарёфтӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ захмӣ шудаанд, вале то ҳоло хабари ҷароҳат дидани танҳо 7 нафари онҳо расман тасдиқ шудааст. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, низ дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст.
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Чӣ гуфтанд?
Рӯзи 29-уми апрел, дар авҷи муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҳукумати Тоҷикистон ҷаласа баргузор кард.
Он чи паси дарҳои баста гузашт, ба хабарнигорони мустақил маълум нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон матни суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва хулосаи нишастро нашр намуд, вале дар ҳардуи он дар мавриди вазъ дар сарҳад бо Қирғизистон ишорае нашудааст. Ё агар ишорае ҳам шудааст, онро барои матбуоту ҷомеа ошкор накардаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷлиси ҳукумат асосан натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали имсол матраҳ шуд.
Бино ба аксҳое, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, дар ҷаласа раиси ҷумҳур ва вазирону мансабдорони дигари кишвар иштирок кардаанд. Раиси вилояти Суғд, ки муноқишаи марзӣ дар ҳудуди он сурат гирифт, низ дар ҷаласа дида мешавад.
Дар маҷлис гуфта шудааст, дар моҳҳои январ - марти имсол сатҳи таваррум 3,3 дарсадро ташкил дод ва "ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа 2,4 фоиз ва таърифаҳори хизматрасонӣ 1,3 фоиз ташаккул ёфтааст."
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, камборишии вақтҳои охир боис ба камобӣ ва хушксолӣ гардида, ба соҳаҳои зироаткориву боғдорӣ ва чорводорӣ талафоти зиёд мерасонад.
“Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳоро самаранок истифода карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лубиё) равона созем", -- омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти президент.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад ва рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар аввал сокинон ба тарафи якдигар сангпартоӣ карданд, вале дертар тирпарронии нирӯҳои ду кишвар оғоз шуд.
Дар бораи захмӣ шудани чандин нафар аз ду ҷониб гузоришҳо мерасанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, то ин дам дар муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 31 кас захмӣ шуда, яке аз онҳо ҷон бохтааст.
Ҷониби Тоҷикистон иттилои охирро дар бораи маҷруҳон эълон накардааст. Мақомот, ба ҷуз аз се изҳороти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дигар шарҳу тавзеҳе надодаанд, ки дар марз бо Қирғизистон чӣ мегузарад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки феълан дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ садои тирпарронӣ шунида намешавад. Баъзе аз сокинон гуфтаанд, ҷониби Қирғизистон низ ба нишони қатъи ҷанг парчами сафедро баланд кардааст. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки дар пайи гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷаи ду кишвар "дар бораи оташбаси комил аз соати 20:00” мувофиқа ҳосил шудааст.
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон музокиротро роҳи ҳал донистаанд
Нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон, Қоҳир Расулзода ва Улуғбек Марипов, ки бо сафари корӣ дар Русия ҳастанд, рӯзи 29-уми апрел дар бораи вазъ дар сарҳади ду кишвар мулоқот кардаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, “ҷонибҳо омодагии комили худро барои ҳалли фаврии низоъ бо роҳи музокирот иброз доштанд."
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот ва хулосаи он хабар надодаанд.
Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, сарвазирони ду кишвар истифода аз нерӯро дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ғайри қобили қабул хонда, "андешидани чораҳои фавриро барои пешгирӣ аз шиддат ёфтани минбаъдаи низоъ" зарур донистаанд.