Ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз чӣ шуруъ шуд? Шарҳи ду тараф
Навор аз назди бемористони марказии шаҳри Исфара
Узбекистон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ба низоъ хотима бахшанд
Узбекистон аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки зуд ба низоъ дар марз хотима дода, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои муштарак андешанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 29-уми апрел аз ҷонибҳо даъват кард, "аз амалиёте, ки боис ба афзоиши минбаъдаи танишҳо мешавад, даст кашанд."
"Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъҳоро дар бораи тезутунд шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо нигаронии амиқ қабул кард", -- омадааст дар изҳороти вазорат.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон даъват кардааст, Тоҷикистону Қирғизистон мушкилро "бо музокирот ва машварат дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ хосанд", ҳал кунанд.
Дар навбати худ, Узбекистон изҳори омодагӣ кардааст, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ кумак расонад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба "оромӣ" даъват кард
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, аз сокинон ва бахусус нирӯҳои сиёсиву расонаҳо дар он кишвар давъат кардааст, ки "ором бошанд", "ба иғво дода нашаванд" ва "душманиву ихтилофро барнаангезанд".
Ӯ рӯзи 29-уми апрел бо нашри эъломияе дар Фейсбук гуфт, "мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забон хоҳем ёфт" ва айни замон афзуд: "Ҳама масъалаҳоро танҳо дар сурати эҳтиром ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамсоядорӣ ва ҳамоҳангӣ дар сарзамини бостонии худ ҳал мекунем."
"Ҳоло онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дохил аланга диҳанд, хатарнок ҳастанд. Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсии дохилӣ даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор сабр кунанд", -- илова кардааст раиси ҷумҳури Қирғизистон.