Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро Саймуъмин Ятимов ва Омурбек Суваналиев раҳбарӣ кардаанд
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро Саймуъмин Ятимов ва Омурбек Суваналиев раҳбарӣ кардаанд

29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид

  • Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
  • Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.
  • Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

Захмиёнро ба бемористони марказии шаҳри Исфара овардаанд. Пизишкон гуфтанд, ки вазъи яке аз онҳо вахим аст.

Як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон дар робита ба ҳалли баҳсҳои марзӣ дар назди бинои ҳукумати он кишвар гирдиҳамоӣ карданд. Фаъолон аз ҳукумат хостаанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ теъдоди марзбонҳо ва посгоҳҳоро бештар кунад. Дар ҳамин ҳол, маълум шудааст, ки Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 28-уми апрел барои табобат ба хориҷа рафтааст.

Манбаъ: Тоҷикистон ба марз нерӯҳои иловагӣ нафиристодааст

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ки ба Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон ва маҳалли муноқишаи ду рӯзи охир, нерӯҳои иловагӣ нафиристодаанд.

Манбаъ рӯзи 29-уми апрел гуфт, "дар худи Исфара нерӯҳои кофии Вазорати мудофиа ҳастанд ва дар сурати сар задани нооромӣ ба марз фиристода мешаванд."

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, “қоидаи дохилӣ чунин аст, ки дар сурати ҳамла ба марзбонон нерӯҳои Вазорати дифоъ уҳдадоранд, ба кумаки онҳо раванд.

"Марзбонон силоҳи вазнин надоранд ва вазифаашон назорати марз аст, на ҷанг. Онҳо метавонанд, то чанд нафар қочоқчиро дастгир кунанд, вале дар сурате ки нерӯҳои зиёд ба онҳо ҳамла мекунанд, нерӯҳои Вазорати мудофиа уҳдадоранд, ба кумаки онҳо бишитобанд. Танку тӯп ва силоҳҳои вазнинро танҳо нерӯҳои Вазорати мудофиа доранд. Имрӯз ҳам ба нерӯҳои марзбонии мо ҳамла шуд ва дар чунин ҳол нерӯҳои Вазорати мудофиа бояд ба ёрии марзбонон раванд", -- афзуд манбаъ.

Дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пули деҳаи Чорқишлоқ (Чоркӯҳ) осеб дидааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд пул чаппа нашуд, аз рӯйи эҳтиёт гузаштани нақлиётро иҷоза намедиҳанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG