Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон мавзӯи "дедовшина"-ро бардоштанд. Раиси порлумон гуфт, "берун аз мавзуъ напурсед" САДО, ВИДЕО


Дар акс: Эмомалӣ Собирзода, Саидҷаъфар Усмонзода ва Маҳмадтоҳир Зокирзода
Дар акс: Эмомалӣ Собирзода, Саидҷаъфар Усмонзода ва Маҳмадтоҳир Зокирзода

Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мавзӯи "дедовшина" ё бадрафторӣ дар артиши кишварро ба баҳс кашиданд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, рӯзи 28-уми апрел дар ҷаласаи порлумон аз муовини аввали вазири дифоъ, Эмомалӣ Собирзода, хост, масъаларо шарҳ диҳад.

Ҷавононро падару модар калон мекунанд, ба хидмати ҳарбӣ равон мекунанд, аз он тараф мурдаашонро бармегардонанд. Ин кори осон нест. Тасаввур кунед, ки фарзанди мову Шумо дар ин ҳолат бошад...
Саидҷаъфар Усмонзода

Эмомалӣ Собирзода дар рӯ ба рӯи вакилон гуфт, "дедовшина" дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад."

Ӯ афзуд: "Агар дар оила ду-се фарзанд бошад, онҳо ҳам байни худ соз намегиранд. Лекин доим дар мадди назари мардум танҳо нигоҳи бад нисбат ба артиши миллӣ аст. Мо бояд фаромӯш накунем, ки ин артиши мо аст. Мебахшед, сарбозе, ки имрӯз ба хидмат меояд, аз падару модар тарбия гирифтагӣ нест. Қисми ҳарбӣ маҳбасхона нест, вале шаҳрванд вазифадор аст, ки ӯҳдадориҳояшро дар назди қонун иҷро кунад."

Дар ҳоле ки Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, "ҷавононро падару модар калон мекунанд, ба хидмати ҳарбӣ равон мекунанд, аз он тараф мурдаашонро бармегардонанд. Ин кори осон нест. Тасаввур кунед, ки фарзанди мову Шумо дар ин ҳолат бошад..."

Дар ин ҳангом раиси Маҷлиси Намояндагон, Маҳмадтоҳир Зокирзода, ба Саидҷаъфар Усмонзода ҳушдор дод, ки берун аз мавзуъ суол надиҳад. Вай афзуд, "ба вакилоне, ки берун аз мавзуъ суол медиҳанд, имкони баромад кардан дода намешавад."

Нигаронии раиси Маҷлиси Намояндагон замоне садо дод, ки Саидҷаъфар Усмонзода аз муовини аввали вазири дифоъ пурсид, "оё 14 ҳазор сарбозе, ки барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд, барои чӣ лозиманд? Ин 14 ҳазорро хӯронидан ва пушонидан лозим." Раиси Маҷлиси Намояндагон ба ин суол ба таври умумӣ посух дод, ки "ин дар салоҳияти ҳукумат аст".

Дар порлумон "зӯргӯӣ" дар артиши Тоҷикистонро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Бадрафторӣ бо сарбозон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб шудан ва ё марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ меанҷомад, ба гуфтаи огоҳон, яке аз сабабҳои асосии саркашии аксар ҷавонон аз хидмат дар артиш будааст. Мақомот бо чунин натиҷагириҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон "назорат сахт аст".

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Дар порлумон "дедовшина"-ро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Дар ҳамин ҳол, вакилони порлумон рӯзи 28-уми апрел миқдори ҷарима барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбиро, ки то ҳол аз 2 то 5 нишондод буд, аз 6 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 600 сомонӣ) боло бурданд.

Ин тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд. Пештар барои саркашӣ аз ҳозир шудан ба коммисариатҳои ҳарбӣ ҷарима ба миқдори аз 2 то 5 нишондиҳанда (аз 120 сомонӣ то 300 сомонӣ) пешбинӣ шуда буд.

Бар асоси тағйирот ба Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамакнун салоҳиятҳои ҷаримаситонӣ ба уҳдаи комиссариатҳои ҳарбӣ гузошта шудааст. Дар ҷаласаи порлумон ҳадаф аз ин тағйиротро "дарки масъулиятшиносии сокинон" барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ гуфтанд.

XS
SM
MD
LG