Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар рӯз мебиёем, билет нест." Парвоз ба Русия арзон, вале билет камёфт шуд. ВИДЕО


Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ки пас аз ҳушдори онҳо ба чаҳор ширкати ҳавопаймоӣ нархи билети парвозҳои чартерӣ ба Русия "поин омад". Ба қавли онҳо, акнун билети парвозҳои чартериро аз 8500 сомонӣ (беш аз 750 доллар) зиёд намефурӯшанд.

Қаблан нархи билети сафар ба Русия аз 10-17 ҳазор сомонӣ афзуда, боис ба норозигии мардум шуда буд. Сокинон мегӯянд, ҳоло нархи билет нисбатан арзон шуд, вале ёфтанаш мушкил гардид.

Аз бонк қарз гирифтем. Пул ёфтем, вале билет наёфта истодаем. Алакай як қисми пулеро, ки барои билет қарз гирифта будем, харҷ кардем.
Як сокини Файзобод

"Мегӯянд, билет надоранд"

Хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия ҳар рӯз бо умеди ёфтани билети арзон дар паси нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд.

Аслам Назиров, сокини шаҳри Ваҳдат, яке аз онҳост. Вай рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, нархи билетро то ҳадде арзон кардаанд, аммо барои харидан билет ёфта наметавонанд.

"Вазъият вазнин аст. Нархи билети парвози чартериро 8500 сомонӣ мегӯянд. Ин қадар пул надорем. Бо ҳамин нарх ҳам, танҳо аз 19-уми май ба он тараф билет мефурӯшанд, тамом", -- нақл кард ӯ.

Шоҳин Аҳмадов, сокини ноҳияи Файзобод, низ мегӯяд, ду ҳафта боз ба пойтахт барои харидани чипта меояд, вале то ҳанӯз харида натавонистааст. Ӯ гуфт: "Мегӯянд, то якуми июл ҳама билетҳо фурӯхта шудааст. Аз бонк қарз гирифтем, пул ёфтем, вале билет наёфта истодаем. Алакай як қисми пулеро, ки барои билет қарз гирифта будем, харҷ кардем."

Мақомот: Нарх арзон шуд

Парвозҳои чартериро чаҳор ширкати русӣ анҷом медиҳанд.

Чунин шикояти сокинон дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, ҳоло вазъ дар бозори билетфурӯшӣ нисбат ба чанд рӯз пеш «беҳтар шудааст». Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ хоста буд, ё нархро поин биоранд ва ё аз ҳаққи парвозҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Билети Русия арзонтар шуд, вале ҳанӯз ҳам дастнорас аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Рӯзи 27-уми апрел дар Оҷонси авиатсияи гражданӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз ҳушдори онҳо «нархи билет поин омад». Дар ин ниҳод, таъкид карданд, ки акнун ширкатҳои русӣ чиптаҳои парвозҳои чартериро аз 8500 сомонӣ зиёд намефурӯшанд.

Як боздиди мо аз чанд нуқтаи фурӯши чипта ҳам нишон дод, ки нархи билет то 8,5 - 9 ҳазор сомонӣ аст, вале худи билет камчин аст.

Чаро билет камчин аст?

Бино ба иттилои Оҷонси авиатсияи гражданӣ, яке аз сабабҳои камбуди чипта дар он аст, ки «аксарият бо нархи арзон чиптаҳоро харидаанд».

Ба назари Фазлиддини Сафар, сокини ноҳияи Ёвон, масъалаи гаронии чипта ва камчинии он аз рӯзҳои аввал вуҷуд дошт.

Ҳарчанд мақомот мегӯяд, барои пешгирӣ аз кори миёнаравҳо ва омилҳои дигари ғайриқонунӣ бозори чиптафурӯширо назорат доранд, баъзе аз мусоҳибони мо аз он нигаронӣ карданд, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда нашудааст.

Нархи гарону камчинии билети сафар ба Русия муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Аз як тараф маҷбуранд, ба Русия раванд, аз сӯйи дигар билет харида наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, парвози мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия (дар як ҳафта ду бор) низ аз 1-уми апрел оғоз шудааст, вале сокинон гуфтанд, дар он ҷо низ ёфтани чиптаи сафар осон нест.

Нархи расмии билети парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Русия беш аз 4 ҳазор сомонӣ таъин кардаанд ва масъули фурӯшаш як ширкати вобаста ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Сокинон дар талоши бозгашт ба Русия

Русия мизбони асосии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст ва аз ин ҳисоб хонаводаҳои зиёде дар кишвар рӯзгори худро мечархонанд.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кор ба Русия мерафтанд, вале соли гузашта ба сабаби пандемияи коронавирус аксари онҳо дар кишвар бе ҷойи кору даромад монданд.

Бонки Марказии Русия эълон кард, ки соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

XS
SM
MD
LG