Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба доми билетфурӯшони фиребгар наафтед" - ҳушдори мақомоти тоҷик


Бо сабаби пандемия аз моҳи марти соли 2020 то апрели имсол роҳи парвоз ба самти Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста буд
Бо сабаби пандемия аз моҳи марти соли 2020 то апрели имсол роҳи парвоз ба самти Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста буд

Дар пасманзари тадриҷан боз шудани парвозҳои доимӣ ба Русия, вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки ҳушёр бошанд ва ба сафар бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нараванд. Мақомот инчунин сокинонро ҳушдор додаанд, ки ба ҳангоми харидани билети сафар ба самти Маскав аз ҳушёрӣ кор гиранд ва "ба доми фиребгарон наафтанд".

Маълум нест, ки оё манзури мақомот аз "наафтодан ба доми фиребгарон" чӣ аст, чун билети сафар ба Русия тавассути нуқтаҳои махсус таъиншуда танзим гардидаанд. Илова ба ин, бо сабаби маҳдуд будани шумори парвозҳои мунтазам ба Русия, феълан имкони харидани билет ба самти Маскав кори хеле сахту сангин аст ва арзиши он ҳам аз нархе, ки мақомот мегӯянд, дар асл ду-се баробар зиёд мебошад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон феълан ҳақ доранд бо парвозҳои доимии ширкатҳои "Сомон Эйр" ва Ютейр ба пойтахти Русия бираванд. Ин ниҳод хотирнишон кардааст, парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" танҳо барои шаҳрвандони Русия ва онҳоест, ки барои сафар ба он кишвар асос доранд. Вуруди бидуни асос ба Русия тариқи парвозҳои чартерӣ боиси ихроҷ шудани шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Вазорати меҳнат инчунин аз тоҷикони хоҳишмандони кор дар Русия даъват кардааст, ки ба Агентии шуғли хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷират муроҷиат кунанд.

Русия макони анъанавии кору даромади аксар шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бо сабаби бекорӣ дар ватан маҷбуранд ба ин кишвар рӯ оваранд.

XS
SM
MD
LG