Додгоҳи шаҳри Душанбе нӯҳ нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гунаҳкор донист ва онҳоро ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард.
Дар миёни онҳо кормандони мақомоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳастанд.
Додгоҳи Душанбе бо нашри хулосаи ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Афғонистон солҳо боз ба кочоқи тило ва асъори хориҷӣ машғул будаанд.
Назари маҳкумшудаҳо маълум нест, вале пайвандонашон мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ эътироз надоранд.
Додгоҳ аз Муҳаммадалӣ Сафаров ва Субҳиддин Назаров раҳбари гуруҳи кочоқбар ном бурдааст.
Ба гуфтаи додгоҳ, онҳо солҳои 2018-2020 бо афроди барои тафтишот номаълум бо номҳои “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шинос шуда, қочоқи асъори хориҷӣ ва тилоро ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Туркия ба роҳ мондаанд.
Ба гуфтаи додгоҳ, Муҳаммадалӣ Сафаров дар ин кор бародараш, Фирдавс Сафаров ва домодҳояш, Меҳрубон Раҳмонов ва Ҳасан Саидовро шарик сохтааст. Додгоҳ вазифа ва ҷойи кори ин нафаронро зикр накардааст, вале гуфтааст, онҳо барои интиқоли пулу тило аз як ширкати хориҷӣ ваколатнома дастрас карда будаанд, вале ин корро тариқи кочоқ анҷом медоданд.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки ин гуруҳ аз 4-уми сентябр то 14-уми ноябри соли гузашта беш аз 100 миллион доллар ва зиёда аз 1 тонаю 376 кило тило ба хориҷ интиқол додаанд.
Додгоҳ барои ҳамкорӣ бо ин гуруҳ, ду нозири дидбонгоҳи Гумруки Панҷи Поён дар Хатлон, Зариф Аслонов ва Қурбоналӣ Сайфуллоевро барои “сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ” ба ду солии зиндон маҳкум кардааст. Маҳмадризо Шарипов, нозири дигари ин дидбонгоҳи гумрукӣ барои “хунукназарӣ” барои ду сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Қутбиддин Одиназода, ваколатдори фаврии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ба гуфтаи мақомот, ин гуруҳро бо тапоначаи хидматӣ аз марзи Афғонистон то Душанбе ҳамроҳӣ кардааст, дар ҳамкорӣ бо кочоқбарон муттаҳам шуда, ду сол ҳукми зиндон гирифтааст.
Танҳо Субҳиддин Назаров ва Муҳаммадалӣ Сафаров бо иттиҳоми “қочоқ” ба панҷуним солии зиндон маҳкум шудаанд. Додгоҳ ба Фирдавс Сафаров, Ҳасан Саидов, Меҳрубон Раҳмонов, Қурбоналӣ Сайфуллоев, афроди дигари шомил дар ин гуруҳ, панҷ солии ҳукми зиндонро раво дидааст.
Радиои Озодӣ ба як тан аз пайвандони маҳкумшудаҳо тамос гирифт. Ӯ нахост номаш зикр шавад, вале гуфт, аз ҳукми додгоҳ розианд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят нахоҳанд кард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукми додгоҳ интиқод карда, онро “барои як ҷинояти пурсарусадо” сабук унвон кардаанд.
Бар асоси иттилои дастрасшуда, тафтиши бахши дуюми ин парванда ҳанӯз ба итмом нарасидааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, Неъматулло Солеҳзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), бо иттиҳоми "суистифода аз мансаб" дар доираи ин парванда дастгир шудааст ва парвандааш тафтиш мешавад.
Қаблан, манобеи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буданд, ки парвандаи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар, ки дар кочоқи он нӯҳ нафар муттаҳаманд, барои баррасӣ дастрас шудааст.
Ин қазия замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад кард.