Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони Афғонистон, ки номаш дар Тоҷикистону Афғонистон ва дар робита ба мусодираи 90 кило тило ва 15 миллион доллар дар сархати расонаҳо қарор гирифт, мақоми худро аз даст дод.
Манобеъ дар Маҷлиси Намояндагони Афғонистон рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ дар интихоботи дохилии порлумон мақоми муовинати аввалро аз даст дод.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, Муҳаммад Мирзо Катавозай метавонист, дар интихоботи дохилии порлумон номзадияшро дигарбора ба мансаби муовини аввали раиси Маҷлис пешниҳод кунад, вале фошкориҳои охири расонаҳо зоҳиран ӯро аз ин кор водошт.
Ба иттилои ӯ, Аҳмад Ҷовид Ҷайҳун рӯзи 8-уми март дар интихоботи ҳайати идории порлумон ба ҷойи Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Афғонистон интихоб шуд.
Қонунгузории Афғонистон интихоби ҳайати раҳбарии Вулуси Ҷиргаро ҳар сол то поёни давраи ваколати Маҷлиси Намояндагон як бор пешбинӣ мекунад.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 як гурӯҳи 7-нафариро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дастгир карданд, ки талош доштаанд 90 кило тилло ва 15 миллион долларро ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд.
Мақомот дар моҳи феврали имсол тасдиқ карданд, ки ин миқдор тиллову доллар аз Афғонистон омадааст, вале дар бораи соҳиби асосии бор чизе нагуфтанд.
Аммо дар остонаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба Тоҷикистон дар охирҳои моҳи гузашта, баъзе аз расонаҳои Афғонистон гуфтанд, 90 кило тилло ва миллионҳо долларе, ки дар Тоҷикистон кашфу мусодира шуд, ба Мирзо Катавозай, муовини аввали раиси порлумони Афғонистон тааллуқ дорад.
Мирзо Катавозай, ки дар ин ҳайат шомил буд, дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши бурданаш ба кишвари севум даст надорад.
"Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир",-гуфт вай. Аммо рӯшан нагуфт, ки чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст.
Ҳанӯз маълум нест, дар мулоқоти Душанбе роҷеъ ба қазияи боздошти 90 кило тилло ва 15 миллион доллар миёни ҳайати афғонӣ ва мақомоти тоҷик гуфтугӯе сурат гирифтааст.
Телевизиони Тулуъ рӯзи 9-уми март дар матлабе бо номи "Санадҳо: миллионҳо доллар ва садҳо кило тилло аз кишвар қочоқ шудаанд" навишт, Мирзо Катавозай дар дидор бо мақомҳои баландояи Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии кишвар, хостори баргардонидани ин миқдор пул ва тилло гардид. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд.
Катавозай зодаи вилояти Кобул ва феълан намояндаи мардуми Пактико дар порлумон аст. Ба иттилои сомонаи Маҷлиси Намояндагони Афғонистон, ӯ риштаи ҳуқуқро хатм карда, дар гузашта ба тиҷорат машғул будааст.