Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугуш: "Вақте омадам, шояд фикр намекарданд, ки чунин истиқбол мешавад" САДО


Гугуш ҳангоми консерт дар рӯзи 31-уми августи соли 2017
Гугуш ҳангоми консерт дар рӯзи 31-уми августи соли 2017

Гугуш, овозхони шинохтаи эронӣ, ки рӯзи Наврӯз албоми наверо нашр кард, мегӯяд, аз ҳамкорӣ бо Сиёваши Қумайшӣ, таронасарои дигар, дар таҳияи албом "лаззат бурдааст".

Албоми нав таҳти унвони "Бисту як" рӯзи 21-уми март нашр шуд ва дорои ҳафт тарона аст. Онҳоро Сиёваши Қумайшӣ, овозхон, таронсаро ва оҳангсози маъруф ва Раҳо Эътимодӣ, таронсарои дигари эронӣ офаридаанд.

"Роз", "Хотираҳо", "Нигоҳ", "Беқарор”, "Садоқат", "Таскин", "Зиндагӣ" таронаҳои ин албом ҳастанд. Гугуш дар мусоҳибае бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, гуфт, таронаҳои Сиёваши Қумайширо бо "ишқ" хондааст.

Ӯ афзуд: "Ман дар корам, ҳама навъ формеро таҷриба мекунам. Хеле вақт буд, ки дилам мехост, бо Сиёваши Қумайшӣ ҳамкорӣ дошта бошам. Фикр мекунам, Қумайшӣ ҳам дилаш мехост, бо ман кор ё корҳоеро бисозад. Фикр мекунам, маҷмӯаи "21" ин нафас бо нафас будани шоир, оҳангсоз ва хонанда буда, аз ҳар кадоме аз оҳангҳое, ки Қумайшӣ сохт, ман лаззат бурдам ва бо ишқ хондамашон. Ҳамон тавр ки Қумайшӣ бо ашъор ва таронаҳои Раҳо Эътимодӣ хеле бо майл ва рағбат кор мекард. Барои ин ки медидем, шеър бо суръат табдил ба тарона мешуд, яъне оҳанг хеле зуд сохта мешуд рӯи он."

Гугуш дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо дар бораи дар бораи берун омаданаш аз Эрон дар соли 2000-ум суҳбат кард ва гуфт, худаш интизор надошт, ки тарки Ҷумҳурии Исломӣ чӣ гуна ҳаёҳуе дар дохилу хориҷи кишвар барпо мекунад.

Гуфтугӯи Муҳаммад Зарғомӣ хабарнигори Радиои Фардоро бо Гугуш инҷо бишнавед.

Ӯ ба ин савол, ки чӣ гуна як низоми сиёсии исломӣ ба ситорае, ки хотироти пеш аз он низомро зинда мекунад, иҷозаи берун рафтан медиҳад, чунин ҷавоб дод:

"Ин ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ дӯст надорад, ки касе чеҳра бишавад, касе қаҳрамон бишавад, касе саромад бошад. Барои ин ки намехоҳад, мардум ба он шахс ё он мавзуъ алоқа пайдо кунанд. Дар ҳукумати исломӣ қаҳрамонкушӣ аст, нухбакушӣ аст, чеҳракушӣ аст. Ман вақте омадам, шояд воқеан фикр намекарданд, ки бо ин сурат истиқбол бишавад. Тасвире ба ин сурат дар зеҳнашон набуд. Бештар қарор буд, ман барои бозӣ дар филме биёям берун. Онҳо фикр намекарданд, ки як чунин иттифоқе биафтад. Росташро бигӯям, ман ҳам фикр намекардам ба ин сурат истиқбол бишавад. Аслан зеҳнам барои консерт набуд. Бештар барои филм буд."

Фоиқа Оташин бо лақаби ҳунарии Гугуш дар Тоҷикистону Афғонистону Узбекистон чеҳраи шинохта аст. Гугуш дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст, вале то ҳол дар кишвар консерте надодааст.

Худаш ҳам гуфтааст, ки чунин орзу дорад, вале орзуяш то ҳол ҷомаи амал напӯшидааст.

Гугуш соли 1979 дар замони инқилоби исломӣ Эронро тарк кард, вале баъдан баргашту беш аз бист сол хомӯш монд. Соли 2000-ум ба ӯ иҷоза доданд, ки ба хориҷ сафар кунад. Айни замон дар Амрико зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG