Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугуш дили ҳаводорони ҳунарашро об мекунад. ВИДЕО


Охири ҳафтаи гузашта барои аввалин бор консерти овозхони машҳури эронӣ Гугуш дар Арманистон ва Гурҷистон баргузор шуд. Барои иштирок дар барномаи ҳунарии ӯ мухлисон аз Эрон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон ба Ереван ва Тифлис рафта буданд.

Фоиқа Оташин бо лақаби ҳунарии Гугуш, дар Арманистон ва кишварҳои ҳамсоя чеҳраи шинохташуда аст. Филми "Дар имтидоди шаб", ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба русӣ тарҷума ва намоиш дода шуда буд, Гугушро дар Арманистону Гурҷистон ва кишварҳои ҳамҷавор, ба чеҳраи шинохташуда мубаддал кард.

Гугуш дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст. Вале мухлисони тоҷики ин овозхони саршиноси эронӣ то ба ҳол муваффақ нашудаанд, ки ӯро дар Тоҷикистон рӯи саҳна бинанд. Гугуш ҳам борҳо эълон карда буд, ки қасди баргузор кардани консерт дар Тоҷикистонро дорад, вале ин орзӯи ӯ то ба ҳол ҷомаи амал напӯшидааст.

Хонандаи маъруф Гугуш соли 1979 дар давраи инқилоби исломӣ дар хориҷ аз Эрон буд, вале баъдан бо хоҳиши худ ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашту тӯли беш аз бист сол хомӯш монд. Дар соли 2000-ум Гугуш имкон ёфт Эронро тарк намуда, дар Ғарб маскун шавад.

Ҳунарнамоии Гугуш дар Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

XS
SM
MD
LG