Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни "тарбияи дурусти фарзанд" дар Тоҷикистон 10-сола шуд


Ин кӯдакон то 18-сола нашаванд, бар асоси қонун ҳаққи ибодат дар масҷид пайдо намекунанд.
Ин кӯдакон то 18-сола нашаванд, бар асоси қонун ҳаққи ибодат дар масҷид пайдо намекунанд.

Қонуни баҳсбарангези «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 10-сола шуд. Намояндагони давлат аз ин қонун, ки соли 2011 қабул шуд ҳимоят мекунанд ва онро мутобиқ ба замона ва босамар мехонанд.

Бар асоси ин қонун, волидонро метавонанд, аз ҷумла барои беназорат гузоштани фарзанд, масҷид рафтани фарзандони ноболиғ, ё ҳатто барои бо телефони мобил, ё планшет ба дарс фиристодани фарзандон ҷазо ва ё танбеҳ диҳанд.

Ин қонун аз замони қабулаш то имрӯз бо танқидҳои сахти ҳомиёни ҳуқуқ рӯбарӯ шудааст, ки мегӯянд, давлати Тоҷикистон ба зиндагии хусусии мардум дахолат карда, барои густариши доманаи назораташ ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла кӯдаконро зери по мекунад.

Бо вуҷуди ин ки Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар пайи баҳсу баррасӣ ва интиқоди зиёд ба тасвиб расид, аммо муаллифонаш ҳамеша онро барои парвариш ва камолоти як инсони закӣ ва соҳибмаърифат муҳим арзёбӣ мекунанд.

Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, волидон аз бими ин қонун ва ҷаримаҳои калону ҷавобгарии ҷиноӣ талош мекунанд, то ҳадди имкон дар риояи он фаъолтар бошанд. Ба гуфтаи ин вакили порлумон: “Таҷриба нишон медиҳад, ки худи сокинон ҳам тарафдори ин қонун ҳастанд ва иҷрои ин қонун онҳоро низ дар таълиму тарбияи фарзандон масъул кардааст ва дигар тамоми бори масъулият ба дӯши мактабу муаллим гузошта намешавад.”

Бархеи дигар ба ин таъкид мекунанд, ки санади мазкур паҳлуҳои мусбат низ дорад. Аз ҷумла, маҳз ин қонун падару модарони муҳофизакор ва мухолиф ба таҳсили духтаронро водор кард, то фикри худро тағйир диҳанд ва аз тарси ҷарима духтарони худро ба мактаб баргардонанд. Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони мактаби миёна дар вилояти Хатлон, "ин қонун то андозае чашми волидонро тарсонидааст ва онҳо аз монеъ шудан ба таҳсили духтаронашон дар мактаб худдорӣ мекунанд".

Мухолифони қонун: “Ҳадафи пинҳонӣ дорад”

Намояндагони давлат мегӯянд, қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, барои боло бурдани сатҳи дониш ва монеъ шудан ба ифротгароӣ дар миёни ҷавонон қабул шуд. Аммо гуруҳи дигар бо таваҷҷуҳ ба он ки қонун, намегузорад, наврасону ҷавонони то 18-сола ба масҷид раванд, таъкид мекунанд, ин муққарарот нақзи озодиҳои шаҳрвандон аст.

Мухолифони қонун мегӯянд, тавассути қонун ҷилавгирӣ кардан аз намозгузории ҷавонони то 18-сола дар масоҷид ва ҷазо додани волидони онҳо барои ин кор хилофи арзиш ва фароизи динӣ аст. Қонуни мазкурро, ки дар давоми даҳ сол чанд маротиба тағйир кард, созмону кишварҳои ғарбӣ танқид кардаанд.

Аз ҷумла Кумиссюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ борҳо ин санадро танқид карда гуфтааст, ин қонун намегузорад, кӯдакон дар маросими мазҳабӣ ширкат кунанд, ё таълимӣ динӣ бигиранд. Аммо Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, мегӯяд, таърихи дин ва диншиносӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳо ворид карда шудааст, ки хонандагон метавонанд, дар мактаб ҳам онро омӯзанд ва ин ҷойи нигаронӣ надорад.

Мунтаққидон мегӯянд, ки баръакс ин қонун ба зиндагии хусусии мардум дахолат карда, ҳуқуқу озодиҳои мардумро поймол мекунад. Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки 10 сол пеш вакили порлумон буд ва ин қонунро муғойир бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон карда буд, гуфт: «Ҳукумат бо баҳонаи тасвиби ин қонун масъулиятро аз дӯши худ сабук мекунад, ба дӯши шаҳрвандон мегузорад. На танҳо ин қонун, балки якчанд қонунҳои дигар ҳам ҳаст, ки ҳамаи онҳо барои ҷазо додан ва назорат кардани аҳолӣ равона шудаанд. Ин қонунҳо ҳамеша як фишор болои шаҳрвандон аст. Ҳеҷ фоидае аз ин қонунҳо барои шаҳрвандон ва ҷомеа дида намешавад.”

Суолҳо дар бораи шеваи иҷрои қонун

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо гузашти 10 сол ҳанӯз механизми дурусти иҷрои санади мазкур дида намешавад. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ, гуфт, набояд ҳар масъалаи ҷузъӣ аз тариқи қонун танзим шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, қонунҳои марбутае ҳаст, ки дар ҳолатҳои қонуншиканӣ аз чаҳорчуби он метавон истифода кард.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ӯ афзуд: «Бидуни ин ҳам падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд рисолати худро медонад, ин аз урфу одати мо аз қарнҳо пеш бармеояд. Вале шояд дар баъзе мавридҳо каҷрафтории фарзандон омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта бошад. Дар ин ҳолат нисбати ин кирдорҳо Кодекси ҷиноӣ, ё Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вуҷуд дорад. Вале боз ҳам чунин қонунҳоеро қабул мекунем, ки аслан самаранок нест.»

Барои нақзи банди қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, волидон 120 сомонӣ ҷарима мешаванд. Мақомот мегӯянд, дар соли 2020 барои бетаваҷҷуҳӣ ба тарбияи фарзандон 13 ҳазор парванда боз кардаанд. Дар гузашта низ ин ҳарфҳо дар матбуот садо медод, ки аз чунин роҳҳои маъмурӣ наметавон, таълиму тарбияи фарзандро беҳтар кард.

Вале мақомот пайваста таъкид мекунанд, ки мақсади қонуни мазкур, “тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд аст“. Коршиносон мегӯянд ва худи мақомот ҳам эътироф кардаанд, ки ба таҳсил фаро нагирифтани ноболиғон баъди хатми синфи 9, бекорӣ дар байни ҷавонон, набуди майдонҳои варзишӣ барои гузаронидани вақт, муҳоҷирати волидайн ба хориҷ барои кор аз сабабҳои аслии афзоиши қонуншиканӣ ва аз ҷумла ҷиноят дар байни ноболиғон будааст.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд: «агар кӯдак донад, ки баъди дарс вобаста ба қобилияти пардохташ, ё ройгон метавонад, аз ҷойҳои варзишӣ, фарҳангӣ ё фароғатӣ истифода барад, ин боиси ташаккули ҷаҳонбинии хуби кӯдак шуда метавонад. Мо бояд ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ кунем».

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG